"Кормандони вазорат ҳар соат сатҳи оби рӯдхонаи Жайикро назорат мекунанд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ахиран ҳукумати Қазоқистон гуфт, ҳамаи нерӯҳо бояд ба минтақаҳои обхезӣ сафарбар шаванд ва сатҳи об дар рӯдхонаҳо бояд ҳар соат назорат карда шавад.
Дар ҳоли ҳозир барои анҷоми корҳои наҷотдиҳӣ дар вилояти Атирауи Қазоқистон беш аз 13 ҳазор нафар ва зиёда аз 1200 техника сафарбар шудааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 29 апрел хабар дода буд, ки 38 ҳазору 521 сокини аз манзилҳояшон беҷошуда дубора ба хонаҳои худ баргаштанд.
Дар ҳоли ҳозир дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ 6726 кас боқӣ мондааст.