Хабаргузории "Kun.uz" аз қавли Абдуллатиф Мансур, вазири энергетика ва захираҳои оби ҳукумати Толибон навиштааст, аломатгузории марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, ки бар асари сел номуайян шудааст, бар асоси стратегияи нав сурат хоҳад гирифт.
"Об сарҳадҳои моро бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон шустааст. Муҳим ин аст, ки ҳоло барои муайян кардани марзҳои пешин корҳо ҷараён доранд ва мо 20 рӯз пеш ин масъаларо бо раҳбари ҳукумат баррасӣ кардем,” - гуфтааст ӯ.
Абдуллатиф Мансур дақиқ нагуфтааст, ки хаттҳои марзи Афғонистонро чи гуна барқарор мекунанд.
Мақомоти Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.