Тасмими ҳукумат барои боло бурдани арзиши нерӯи барқ аз 1-уми феврали имсол бархе аз сокинонро нигарон кардааст.
Ин хабар дар шабу рӯзест, ки аксари сокинон дар Тоҷикистон бо маҳдудият барқ дастрас мекунанд.
Сокинон мегӯянд, ин тағйир ба вазъи зиндагии онҳо бетаъсир нахоҳад буд.
Маҳмадҷаъфар Дӯстов, сокини ноҳияи Муъминобод мегӯяд, боло рафтани нархи истифодаи нерӯи барқ барои сокинон мушкилӣ пеш меорад. Ӯ мегӯяд, барои беҳтар шудани шароити зисти сокинон бояд нархи истифода аз нерӯи барқ арзонтар бошад.
Мисли ин сокини ноҳияи Мӯъминобод дигар сокинон ҳам аз гаронии арзиши барқ нигаронанд.
Ба пурсиши Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми декабр як сокин гуфт, ки дар пардохти пули истифодаи барқ бе гарон шуданаш ҳам мушкил доранд.
Ба гуфтаи ин сокини Душанбе, моҳи гузашта барояш паём омадааст, ки дар 654 сомонӣ нерӯи барқ истифода кардааст.
“Ман нафақахӯр ҳастам, набера дорам, меҳмон меояд ва супоридани ин маблағ душвор аст. Боло рафтани нарх на танҳо барои ман, балки барои тамоми мардуми Тоҷикистон душвор аст”,--гуфт ӯ.
Манобеи наздик ба ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, нархи ҳар киловат-соати барқ барои аҳолӣ 17 дарсад зиёд шуда, аз 35,36 дирам ба 41,37 дирам боло бурда мешавад. То кунун 100 киловат-соат нерӯи барқ 35 сомонӣ мешуд, акнун каме бештар аз 41 сомонӣ хоҳад шуд.
Барои корхона ва идораҳо низ арзиши барқ мутаносибан 17 дарсад боло бурда мешудааст. Мақомот ҳадаф аз афзоиши нархи барқро ба рушди соҳаи энергетика ва расидан ба худкифоии ширкатҳои “Барқи тоҷик” ва Шабакаҳои интиқолу тақсими барқ рабт медиҳанд.
Камолиддин Сироҷиддинов, коршиноси соҳаи энергетика бар ин аст, ки гаронии арзиши барқ бо талаби Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифтааст.
Видеоро инҷо бинед:
Ба гуфтаи ӯ, Бонки ҷаҳонӣ талаб кардааст, ки нархи барқ боло бурда шавад. “Талаб ин аст, ки нархи барқ бояд наздики 70 дирам шавад. Ин 6 сент маънои онро надорад, ки барои аҳолӣ бошад. Умуман барқе, ки “Барқи тоҷик” мефурушад бояд аз 6 сент кам набошад. Ана ҳамин 6 сентро инҳо марҳила ба марҳила, сол ба сол зиёд карда, ба он наздик шуда истодаанд,”—гуфт ӯ.
Ӯ шарҳ дод, ки Бонки ҷаҳонӣ бо назардошти харҷу даромад ва вазъи молии низоми энергетикӣ ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, вале ҳангоми боло бурдани арзиши барқ вазъи иҷтимоии мардум бояд ба инобат гирифта шавад. Ба назари коршинос, дар дохили “Барқӣ тоҷик”, ки ба се шоха ҷудо шудааст, масъалаи кам кардани харҷи молӣ бояд дида шавад, зеро ин масъала ба арзиши нерӯи барқ таъсир мегузорад. Ӯ мегӯяд, агар харҷи ин се ниҳод коҳиш дода шавад, нархи барқ низ поинтар хоҳад буд.
Ширкати “Барқи тоҷик” мавзуро шарҳ надод ва маълум нест, Бонки ҷаҳонӣ дар умум барои рушди низоми энергетикии Тоҷикистон чӣ қадар сармоягузорӣ кардааст. Қаблан ин ниҳоди молӣ бо пешниҳоди 134 миллион доллар ёрӣ ба "Барқи Тоҷик" гуфта буд, нархи нерӯи барқро бояд боло баранд, вагарна ширкат аз нигоҳи молӣ устувор нахоҳад буд.
Иқтисоддонҳо аз истифодаи ношаффофи қарзҳои созмонҳои молӣ дар Тоҷикистон мегӯянд.
Фозилҷон Фатҳуллоев, иқтисоддон мегӯяд, сарфи маблағҳое, ки барои рушди соҳаи энергетика равона шудаанд, бояд шаффоф бошанд, чун маълум шавад, ки ин пулҳо чӣ гуна ва дар куҷо сарф мешаванд.
Шеваи мудирият ва шаффофияти кор дар низоми энергетикии кишвар дар гузашта низ борҳо интиқод шудааст.
Тасмими боло бурдани нархи барқ дар ҳоле сурат гирифт, ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз оғози тирамоҳ аз маҳдудият ё камбуди барқ азият мекашанд. Бори охир моҳи апрели соли 2025 арзиши барқ дар Тоҷикистон боло рафта буд.
Гуфтугӯ