Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркӯби эътирозгарон дар Эрон. Трамп дигарбора ҳушдор дод


Пулиси Эрон дар чанд шаҳр ба эътирозгарон ҳамла кардааст.
Пулиси Эрон дар чанд шаҳр ба эътирозгарон ҳамла кардааст.

Мавҷи эътирози сокинон дар Эрон бо гузашти беш аз даҳ рӯз густариш пайдо карда, шаҳрҳои бештари ин кишварро фаро гирифтааст.

“HRAI”, созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Эрон, ки дар хориҷа аз ин кишвар кор мекунад, аз тазоҳуроти сокинон дар 78 шаҳри Ҷумҳурии Исломӣ хабар додааст.

Беш аз даҳ рӯз боз сокинон дар Эрон дар робита ба беқурбшавии пули миллӣ дар баробари доллар, гаронӣ ва бӯҳрони энержӣ ба хиёбонҳо рехта, алайҳи ҳукумат эътироз доранд.

Хабаргузории “АП” навиштааст, ки дар эътирозҳои даҳ рӯзи охир дар Эрон 35 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, мақомоти амниятии Эрон беш 1200 эътирозгарро боздошт кардаанд.

Доналд Трамп, президенти ИМА ба мақомоти Эрон бори дигар ҳушдор дод, ки даст аз саркуби эътирозгарон бардоранд, вагарна Амрико ба кумаки онҳо мерасад.

Ӯ рӯзи 4-уми январ дар суҳбаташ бо хабарнигорон гуфт, ки ҳодисаҳои Эронро ҷиддӣ пайгирӣ доранд.

Агар онҳо ба куштани мардум мисли солҳои гузашта идома диҳанд, аз ҷониби ИМА зарбаи сахте хоҳанд хурд,"—гуфт Доналд Трамп.

Дар наворҳое, ки Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ дастрас кардааст, шиорҳои “Марг бар Хоманаӣ” садо медиҳанд. Манзури эътирозгарон Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон аст, ки солҳо боз ин кишварро бо сиёсатҳои сахтгирона идора мекунад.

Видеоро инҷо бинед:

Мақомоти Эрон эътирози сокинонро кори дасти “душманон” медонанд.

“Ҳангов”, созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки ҳодисаҳои Эронро пайгирӣ мекунад, хабар додааст, мақомоти ин кишвар бераҳмона эътирозгаронро саркуб мекунанд. Ба навиштаи ин созмон, рӯзи 3-юми январ танҳо дар шаҳри Маликшоҳӣ чор эътирозгар кушта ва беш аз 30 тан захмӣ шудаанд.

Ин созмон гуфтааст, ки рӯзи 5-уми январ ду нафари дигарро дар Кирмоншоҳ ба хок супурданд, ки аз ҷониби пулис кушта шудаанд.

Рӯзи 4-уми январ маъмурони пулис талош кардаанд, то ҷасади чандкушташударо аз бемористони шаҳри Илом бо худ баранд. Дар наворҳои нашршуда садои тирпаронӣ дар саҳни ин бемористон шунида мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар саҳифаи форсиаш дар шабакаи “Х” саркуби эътирозгарон ва ҳамла ба бемористони Иломро маҳкум кардааст. Амрико ҳамла ба бемористон ва истифодаи силоҳ алайҳи эътирозгаронро нақзи ошкорои ҳуқуқи инсон ва ҷиноят алайҳи башарият донистааст.

Антонио Гуттериш, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид аз ҳукумати Эрон даъват кардааст, ки ба ҳаққи сокинон барои эътирози осоишта эҳтиром гузоранд ва онҳоро саркӯб накунанд.

Эътирози сокинон дар Эрон дар охири соли 2025 аз шаҳри Теҳрон оғоз шуд. Ҳоло хабар мерасад, ки дар даҳҳо шаҳри Эрон сокинон ба хиёбонҳо рехта, алайҳи беқурбшавии пули миллии ин кишвар ва гаронии нархҳо эътироз доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG