"Таҷлили мероси фарҳангии кишварҳои форсизабон" рӯзи 19-уми сентябр дар ҳамкорӣ бо маҷаллаи "Society Magazine" гузашт.
Мақомот рӯзи 21-уми сентябр дар иттилоияе гуфтанд, дар маҳфил намояндагони Австрия, дипломатҳо ва созмонҳои муқими Вена ширкат карданд.
Тоҷикистон ҳафт ёдгориро муаррифӣ кардааст, ки ба Рӯйхати мероси моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудаанд.
Ин маҳфил соли сеюм аст, ки баргузор мешавад.