Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуни моро то қатраи охирин мемаканд... магар онҳо ҷасад мекоранд?"

навшуда
Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Яке аз сару синааш захм бардошта, гӯшаш тақрибан ношунаво шудааст. Дигарӣ аз як чашм маҳрум гашта, баданаш пур аз оҳанпораҳои снаряд аст, дасти росташ комилан кор намекунад ва беҳаракат овезон аст. Дар ҳоле ки Русия дар соли панҷуми ҷанг дар Украина барои ҷойгузин кардани сарбозони кушташуда ва захмӣ бо мушкилӣ рӯбарӯст, нишонаҳои бештаре пайдо мешаванд, ки низомиёни рус бо вуҷуди ҷароҳатҳои вазнин ва ҳатто хулосаҳои тиббии "ношоям барои хидмат" мардонро дубора ба ҷанг мебаранд.

Вақте захмиён ва хонаводаҳояшон мебинанд, ки артиши худашон онҳоро бо асо ва чашмони кӯр аз хонаҳояшон кашола карда мебарад, ҳайратзада мешаванд. Аммо вазъ боз ҳам бадтар мешавад.

Павел Подгрушнийи 38-сола соли 2023 ба артиш пайваст. Ӯро, ки барои як садамаи марговари нақлиётӣ ба 8 сол зиндон маҳкум шуда буд, озод карда, ба ҷанг бурдаанд. Дмитрий, яке аз хешовандонаш, ба Радиои Озодӣ гуфт, Павелро моҳи декабр ба ҷабҳа фиристодаанд ва ӯ моҳи апрели соли 2024 дар бемористон бистарӣ шуд.

"Аз сару синааш захмӣ шуда буд. Аз чашми чапаш маҳрум шуд. Пардаҳои гӯшҳояш даридаанд, дигар намешунавад," -- нақл кард ӯ. Ба қавли Дмитрий, Подгрушнийро барои муолиҷа ба хона ҷавоб дода, муваққатан "номуносиб барои хидмат" эълон карданд, вале ба ягон санади расмии пизишкӣ бо ин хулоса надодаанд.

Дмитрий аз қавли сартабиби шифохонаи шаҳри Волгоград, ки Павел он ҷо табобат мегирифт, гуфт: "Чаро ин қадар нигарон ҳастед? Санадҳо дертар меоянд. Охир, касе одами якчашмаро дубора ба артиш намебарад." Аммо бими хонаводаи ӯ дуруст буд, чун маҳз ҳамин кор иттифоқ уфтод.

"Роҳи халосӣ нест"

Моҳи сентябри соли гузашта Подгрушнийро ба комиссариати низомӣ даъват ва баъдтар "фирорӣ" эълон кардаанд. Вай ним сол талош кардааст, то расман аз хидмат озод шавад, аммо маъмурони интизомӣ ӯро як рӯз ногаҳон боздошт ва телефонашро мусодира карданд. Аз он замон то кунун хонаводааш аз ӯ дараке надорад. Дмитрий мегӯяд: "Ӯ дар ҷабҳаи ҷанг ҳатто як моҳ ҳам зинда намемонад. Ин боварнокарданист."

"Халосӣ нест." Русия киҳоро ба ҷанги Украина мефиристад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Игор, як фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, мисли достони Подгрушний қазияҳо бисёранд. Ӯ сарбози дигар Михаилро намуна овард, ки дар ятимхона бузург шудааст. Михаил моҳи июни соли 2024 бо артиши Русия қарордод имзо кард ва се моҳ пас сахт захмӣ шуд. Фақат бо як чашм мебинад ва он ҳам ба сахтӣ.

Игор, ки нахост, насабаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ӯро дуруст муолиҷа ҳам накарданд ва комиссияи тиббӣ дар панҷ дақиқа хулоса дод, ки "солим ва қобили хидмат аст" аст. Михаилро боздошт карданд ва рӯзи дигар ин одами тақрибан нобиноро ба ҷабҳа фиристоданд."

Ба гуфтаи Игор, мавридҳои ба хонаи сарбозони бемор ё маъюби рухсатшуда омадани афсарон ва бо зӯр баргардонидани онҳо ба хидмат торафт бештар мешавад. Ӯ гуфт: "Онҳоро дар ҳуҷраи боздоштгоҳ танҳо ва бе обу хӯрок мегузоранд ва маҷбур мекунанд, ки зери санади "қалбакӣ" будани хулосаи пешинаи комиссияи тиббӣ имзо гузоранд. Пас аз ин комиссияи нав ташкил карда, сарбози рухсатшударо "солим" эълон мекунанд. Роҳи халосӣ нест. Вақте захмиён ва хонаводаҳояшон мебинанд, ки артиши худашон онҳоро бо асо ва чашмони кӯр аз хонаҳояшон кашола карда мебарад, ҳайратзада мешаванд. Аммо вазъ боз ҳам бадтар мешавад."

"Ин чӣ аҳвол аст?"

Барои он ки фармондеҳон вақти худро барои ҷустуҷӯи сарбозон дар хонаҳояшон сарф накунанд, онҳоро баъзан рост аз катҳои беморхона мерабоянд. Ба гуфтаи Сергей, яке аз дӯстони Андрей Перевалови 26-сола, ҳамин ҳодиса маҳз бо Андрей рух додааст.

Сергей мегӯяд: "Устухонҳояш шикастаанд, дар тамоми баданаш резаҳои зиёди снаряд дорад. Дасти росташ беҳис дар бараш овезон аст." Ӯ афзуд, Андрей ду бор сахт маҷрӯҳ шудааст ва ҳоло "комилан маъюб ва оҷизу нотавон" аст.

Резаҳои снаряд дар пову даст ва пушташ буд. Ба ӯ гуфтаанд, ту лангу хуншор ҳастӣ, аммо ҳаракат карда метавонӣ. Барои ҳамин, ба ҳамла меравӣ.

Бо вуҷуди ин, мегӯяд Сергей, низомиён "ӯро рост ба ҷабҳа, ба минтақаи ҷанг" дар наздикии Покровск бурданд. Ба шаҳре дар вилояти Донетски Украина, ки Русия пас аз чанд моҳ ҷангҳои хунин ва марговар аввали ҳамин сол ишғол кард. Сергей ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ӯ бароям паёмҳои савтӣ мефиристад, ки дар пасаш садои таркишҳо шунида мешавад."

Ба қавли Сергей, ба чунин сарбозон, ки ҷангида ҳам наметавонанд, фармони "ба пеш" медиҳанд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: "Ин чӣ аҳвол аст? Магар онҳо дар саросари Украина ҷасад мекоранд? Хуни моро то қатраи охиринаш мемаканд?"

Игор мегӯяд, баъзе аз сарбозони захмӣ ҳатто ба шифохона нарасида, фармон мегиранд, ки ба ҳамлаҳои нав ба зидди нерӯҳои украинӣ ҳамроҳ шаванд: "Сарбозони захмӣ бо қисмҳои низомии худ "аз даруни хандақҳо ё биноҳои харобшуда" тамос мегиранд. Онҳо ном, син, ҷой ва чӣ гуна захмӣ шуданашонро мегӯянд. Фармондеҳон аз бистарӣ кардани онҳо худдорӣ мекунанд, ҳатто агар захмҳояшон боз ва хуншор бошад."

Игор як қазияи навро дар вилояти Донетски Украина нақл кард, ки он ҷо ҷангҳои сахт ҷараён доранд, чун Русия мекӯшад, ин вилоятро комилан таҳти назорати худ дароварад: "Артём Широков, як ҷавони 23-сола бо лақаби низомии "Шоир" дар як ҳамла сахт маҷрӯҳ шуд. Резаҳои снаряд дар пову даст ва пушташ буд. Ба ӯ гуфтаанд, ту лангу хуншор ҳастӣ, аммо ҳаракат карда метавонӣ. Барои ҳамин, ба ҳамла меравӣ. Оё чунин "ҷанговар" аз маъмурияти ҷангии худ зинда бармегардад? Ба эҳтимоли зиёд не.

Сафарбарии умумӣ

Ҳукумати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бинобар пайи талафоти зиёд дар артиш барои нигоҳ доштани шумори кофии сарбозон чораҳои зиёде андешидааст. Бино ба арзёбии Ҳадамоти Ҷосусии Бритониё дар охири моҳи майи имсол, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина то кунун тақрибан 500 ҳазор сарбози рус кушта шудаанд.

Артиши Русия зиндониён, афроди майзада ва бехонаҳоро ба хидмат ҷалб мекунад ва ба сарбозон ва оилаҳои ҷанговарони кушташуда музди баланд ва ҷубронпулиҳои зиёд ваъда медиҳад. Моҳи гузашта Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки тибқи он навсарбозон аз пардохти қарзҳои худ то 10 миллион рубл озод карда мешаванд. То ҳол ӯ аз эълони басеҷи дубора ба артиш худдорӣ кардааст, зеро дар пайи сафарбарии густурдаи моҳи сентябри соли 2022 садҳо ҳазор ҷавон аз кишвар фирор карданд.

Дар ҳоле ки музокироти сулҳ бо миёнаравии Амрико қатъ шудааст ва ҳеҷ нишоне аз поёни ҷанг дар Украина ба чашм намерасад, Русия дар Донетск ва минтақаҳои дигар хеле оҳиста пеш меравад ва баъзан заминҳои бештареро аз даст медиҳад.

Бато-Мунко Тсибенов дар зодгоҳаш, вилояти Бурятия, хидмат мекард, ки Русия ҷангро дар Украина оғоз кард. Ӯ, ки ёвари нишонзан ва мутахассиси норинҷакандоз буд, моҳи марти соли 2024 бар асари таркиши мина захмӣ шуд. Ҳамсояи собиқи ӯ Дашима ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бори аввал ӯро як моҳ муолиҷа карданд ва моҳи апрели соли 2024 дубора ба Украина бурданд. Пас аз шаш моҳ бо захми дигаре ба Бурятия баргашт."

Насаби Дашима аз бими таъқиби ӯ эълон намешавад. Ӯ қиссаи ғамангези ҳамсояи ҷавонашро чунин тамом кард: "Мегӯянд, ки тамоми ангуштони пойи росташро буридаанд. Бато-Мунко дар деҳа бо асобағал ба зӯр роҳ мегашт, аммо моҳи апрели соли баъд ӯро боз бурдаанд. Баъд аз чанд рӯз ҳалок шудааст."

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG