Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Киселев ба худдорӣ аз ҳангомаи атрофи доя


Мубаллиғи сиёсати Кремлин дар телевизиони давлатии "Вести" аз сокинон ва ҳам намояндагони матбуоти кишвараш даъват кард, ки аз ҳангомасозӣ дар атрофи қазияи куштори ваҳшиёнаи кӯдак дар Маскав худдорӣ кунанд.

Дмитрий Киселев, мубаллиғи сиёсати Кремлин дар телевизиони давлатии "Россия" аз сокинон ва ҳам намояндагони матбуоти кишвараш даъват кард, ки аз ҳангомасозӣ дар атрофи қазияи куштори ваҳшиёнаи кӯдак дар Маскав худдорӣ кунанд. Дар барномаи натиҷагирии рӯйдодҳои ҳафтаи гузашта Киселев дар робита бо куштори тифли чорсола аз ҷониби шаҳрванди Ӯзбакистон Гулчеҳра Бобоқулова муроҷиат кард.

Аксар шабакаҳои телевизионии Русия аз пӯшиши ин хабар ва зиёда аз ин, пахши аксу наворҳои видеоии гаштугузории доя бо каллаи буридаи тифл дар даст дар назди истгоҳи метрои “Октябрское поле” рӯзи 29 феврал худдорӣ карданд. Баъдан журналисти маъруфи телевизион Владимир Познер гуфт, ки пахши ингуна матолиб як мавзӯи ахлоқӣ аст, ки ба тасмими сардабирон бастагӣ мегирад. “Агар ман будам, ҳеҷ гоҳ нашраш намекардам”, гуфт ӯ.

Дмитрий Киселев дар барномаи шоми якшанбе, 6 март даъватҳои садодода аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои миллатгаро ва ҳам сиёсатмадорони Русияро ба боди танқид кашида гуфт, ки “маҳкум кардани як мусулмон ва ҳам муҳоҷири корӣ”, “даъват ба ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ осонтарин кор аст”. Киселев гуфт, ки ҳодисаи

рухдода як фоҷеаест, ки таҳқиқи онро бояд мақомоти тафтишотӣ ба ӯҳда дошта бошанд. Вале ҳоло набояд онро ба масоили миллӣ, “Аллоҳ” ва ҳатто “бемории рӯҳӣ” иртибот дод. “Аксари кулли ҷиноятҳо дар Русияро русҳо содир мекунанд ва рӯҳан шахсони солиманд”, гуфт ӯ. Вай афзуд, ки сӯҳбатҳо дар заминаи ба исми Ислом анҷом шудани ин ҷиноят набояд роҳ дода шаванд, чун, ба гуфтаи ӯ, “на Исо-пайғамбар ва на Аллоҳ ба куштори навзодҳо ҳеҷ иртиботе надоранд. Ҳарду дин меъёрҳои баланди ахлоқиро тарғиб мекунанд”.

Мизони ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон бошад, ба қавли ӯ, тағйир наёфта дар ҳудуди 2 дар сад аз ҳаҷми умумии ҷиноятҳо дар Русияро ташкил медиҳад. Дар идома ӯ аз тасмими сардабирони шабакаҳои телевизионӣ ситоиш ва ҳимоят кард, ки нагузоштанд саҳнаҳои ваҳшатнок ба телевизион роҳ ёбанд. Сӯҳбатҳои Дмитрий Киселев, ки аз тарафдорони ашаддии сиёсати Владимир Путин ва ҳам шурӯи ҷанг дар Украина маҳсуб мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди истиқбол қарор гирифтааст. Дар миёни онҳое, ки сӯҳбатҳои Киселевро хуб қабул кардаанд, аслан зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки аз паёмадҳои нохушоянди ҳодисаи қатли духтараки рус аз ҷониби як дояи ӯзбактабор нигарон шуданд.

Бархе мегӯянд, изҳороти Киселевро бояд ҳамчун дидгоҳи Кремлин арзёбӣ кард, ки нахост ҳодисаи қатли кӯдак боиси нооромиҳо дар дохили ҷомеаи Русия ва ҳам баҳонае барои садо баланд кардани миллатгароҳо шавад. Таҳлилгарон дар дохили ҷомеаи Русия мегӯянд, дар шароити кунунӣ барои Маскав бад шудани равобиташ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ лозим нест ва аз ҳамин хотир, дар сатҳи Кремлин ба шабакаҳои телевизионӣ машварат шудааст, ки аз пахши ин хабар ва эҷоди ҳангомаву тарсу бадбинӣ нисбати муҳоҷирони хориҷӣ худдорӣ кунанд. Зимнан, дар ҳоле, ки Кремлин вуҷуди чунин дастур ё машваратро ба телевизионҳо эътироф намекунад, сухангӯи Путин – Дмитрий Песков ҳафтаи гузашта гуфт, ки аз тасмими телевизионҳо барои худдорӣ дар пахши ин хабар пуштибонӣ мекунад.

Гулчеҳра Бобоқулова рӯзи душанбеи 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр" боздошт шуд. Вай дар даст сари буридаи кӯдакеро дошт. Баъдтар маълум шуд, ки ин зан дояи духтарчаи чаҳорсола будааст. Бино бар иттилои тафтишот, доя интизор шудааст, ки волидон кӯдак аз хона бароянд ва баъдан сари кӯдакро бурида, хонаро оташ задааст. Бобоқулова ба гуноҳаш иқрор кард. Ӯро то ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Тафтиш идома дорад.

Гулчеҳра обрӯи дояҳоро бурд

Гулчеҳра обурӯи дояҳоро бурд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

XS
SM
MD
LG