Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед гуфт, аз ҳамла ба мактаби Ғазза "амиқан нигарон аст"


Ғазза, 10-уми августи 2024
Ғазза, 10-уми августи 2024

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба як мактаб дар Навори Ғазза, ки ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ ҳудуди 100 нафарро кушт, "амиқан нигарон аст".

Ҳодиса рӯзи 10-уми август иттифоқ уфтод.

Аз ин пеш чанд кишвари арабӣ, Туркия, Бритониё ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамларо маҳкум карданд.

Дар мактаб фаластиниёне зиндагӣ мекардаанд, ки ба сабаби ҷанг хонаҳояшонро тарк карда буданд.

Мақомоти Исроил мегӯянд, дар ин бино ҳудуди 20 ҷангҷӯ фаъолият мекарданд ва масъулияти марги ғайринизомиёнро бар дӯши “Ҳамос” (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд) гузоштанд.

Онҳо бовар доранд, ки ҷангҷӯён мактабу хонаҳои истиқоматиро ба пойгоҳу паноҳгоҳ табдил додаанд.

XS
SM
MD
LG