Барфи шадид ва сардиҳои ду рӯзи ахир мушкилоти сокинонро на танҳо дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, балки дар маҳаллаҳои атрофи Душанбе ҳам зиёд кардааст. Маҳдудияти барқу сардии манзилҳо, камбуди дастрасӣ ба об ва мушкили ҳаракат дар роҳҳои мошингузар аз шикоятҳои асосии сокинон дар ин рӯзҳо ҳастанд.
Баъзе сокинони маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар 8 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, маҷбур шудаанд дар баландошиёна бухорӣ насб ва бо ангишту ҳезум хонаро гарм кунанд. Ин дар ҳоле ки гузоштани чунин печҳо дар баландошёнаҳо манъ аст. Бархе дигар, ки чунин корро накардаанд ва мегӯянд, аз сардии шаби гузашта бештар азият кашидаанд.
Маъруф Бомуродов, сокини маҳаллаи Ганҷобод ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳаво хунук шуд ва барқ ҳам якбора хомӯш гардид. Мо печҳои бобоӣ надорем ва барои ҳамин вақте барқ шуд, кӯдакони майда дорем онҳо хунук хурданд. Вазъияти таъмини барқ хуб нест”.
Видеоро инҷо бинед:
Қатъи нерӯи барқ дастрасӣ ба обро низ барои ин хонавода номумкин кардааст. Лутфишо Сиҷотшоев, сокини дигари маҳаллаи Ганҷобод фақат ним соат барояшон об медиҳанд. “Халқи бечора дар ин ним соат чӣ кор кунад”?
Чунин мушкил дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Равшан Муродов, сокини шаҳри Бохтар мегӯяд, онҳое, ки дар деҳа зиндагӣ мекунанд бо бухорӣ ё роҳи дигар хонаҳоро гарм мекунанд. Аммо қатъи барқ дар ин рӯзҳо зиндагии сокинони шаҳрҳоро мушкил кардааст. “Шаби гузашта барқ соати 10 омад. Ин халқи бечора чӣ кор кунад, азоб кашида истодаанд”.
Убайдулло Холназаров, сокини ноҳияи Кушониён ҳам рӯзи 23-юми январ натавонист ба кораш машғул шавад. Ӯ дар як нуқтаи шустушӯи мошинҳо кор мекунад ва мегӯяд, бе барқ ҳеч кор карда наметавонанд.
Барфбории ду рӯзи ахир ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистонро низ душвор кардааст. Дар наворҳое, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад аз сабаби барфи зиёд дар шоҳроҳҳои Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Турсунзода ва Душанбе-Хуҷанд мошинҳо дармондаанд. Дар ин рӯзҳо ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои асосие, ки пойтахтро бо дигар навоҳии атроф мепайвандад, мушкил шудааст. Роҳ ба деҳоти дурдаст баста шудааст. Дар кучаҳои Душанбе поксозии барф ба назар мерасад, вале на дар ҳама ҷо.
Якбора сард шудани ҳаво ё боридани барфи нисбатан зиёд бори аввал нест, ки чунин мушкилиҳоро бештар намоён мекунад. Ҳарчанд мақомот қабл аз сардиҳо тавсиф мекунанд, ки ба зимистон омодагӣ дидаанд, барфу сардиҳои ду рӯзи ахир баръакси онро нишон дод.