Ҷониби Тоҷикистон ҳам дар бораи замони ҳалли ин баҳс чизе намегӯяд.
Ба навиштаи хабаргузории қирғизии “АкиПрес”, раисҷумҳури Қирғизистон ҳангоми суханрониаш дар маросими ифтитоҳи бинои нави Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар ин бора ибрози назар кардааст.
Ӯ гуфтааст, "мо ваъда дода будем, ки мушкилтарин масъала, масъалаи марзи кишварро ҳал мекунем. Имрӯз масъалаи сарҳади давлатӣ бо Узбекистон пурра ҳал шудааст ва масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад ва музокирот идома дорад".
Ба иттилои расмӣ, 94 дарсади марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуда, ду тараф барои шаш дарсади дигар ба тавофуқ нарасидаанд.
Марзе, ки аниқ нашудааст, ба иттилои мақомоти Қирғизистон дар минтақаҳои марзии вилояти Ботканд ва Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҷойе, ки дар гузашта боиси баҳсу ҷанҷолҳои зиёд шуда буд.