Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Анварзода дар куҷост? Парвандаи садамае, ки дар он Баҳром Ғафурӣ ҷон бохт, "қатъ шудааст"


Дар аксҳо: Баҳром Ғафурӣ ва Ислом Анварзода

Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парванда ба зидди Ислом Анварзода, муовини пешини прокурори ноҳияи Фирдавсиро, ки дар садамаи мошинаш овозхон Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, боздоштааст. Мақомот ин тасмимро ба "маълум набудани ҷойи будубош" рабт доданд. Шахсони наздик ба Ислом Анварзода мегӯянд, ӯ барои табобат ба хориҷа рафт.

Садама субҳи 7‑уми августи соли 2020 рух дода буд. Мақомот додситони собиқ ва писари Анвар Қурбонов, тоҷири шинохтаро муттаҳам карданд, ки "дар ҳолати мастӣ ҳаракати роҳро вайрон карда, боис ба марг ё зарари саломатии инсонҳо" шуд.

Як мақоми огоҳ аз тафтишот рӯзи 2‑юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Ислом Анварзода бар асоси моддаи 230‑и Кодекси мурофиавии ҷиноӣ, яъне маълум набудани ҷойи будубош боздошта шуд. Вай шарҳ надод, ки парванда дубора тафтиш хоҳад шуд, ё не.

Дар садамаи субҳи 7‑уми августи соли гузашта, ки Баҳром Ғафурӣ фавтид, Ислом Анварзода ва Баҳодур Зарипов, яке аз дӯстони ӯ, маҷруҳ шуданд. Пизишкон гуфтанд, дасту пойи Анвар Исломзода шикастааст ва ҳудуди як моҳ дар ҳолати кома ё беҳушӣ буд.

"Ӯро ба Русия бурданд"

Зоҳир, яке аз дӯстони Ислом Анварзода, рӯзи 2‑юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро тақрибан ду моҳ пеш барои табобат ба Русия бурдаанд. "Ҳама ҷояш маъюб аст, аз хурсандӣ ба тамошо нарафтааст. Духтурон гуфтанд, ки бояд зудтар дар хориҷ муолиҷа гирад. Дар онҷо бояд даст часпонанд. Бо он аҳвол ӯ на дар назди тафтишот ҷавоб дода метавонад, на дар назди суд”, -- афзуд мусоҳиби мо.

Тасдиқи дурустии иддаои ӯ аз манобеи дигар феълан имкон надорад. Маълум нест, чаро дар сурате ки Ислом Анварзода дар Русия табобат мегирад ва маҳалли иқоматаш барои пайвандон маълум аст, таҳқиқи парвандаро боздоштаанд. Мақомот расман дар ин бора чизе намегӯянд.

Писари Баҳром Ғафурӣ: Касе гап назад

Пайвандони Баҳром Ғафурӣ гуфтанд, ки аз тафтиши парвандаи марги ӯ ҳеч хабар надоранд. Анушервони Баҳром, писари овозхон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар бораи парванда касе суҳбат накардааст ва мо низ касеро дар ин бора напурсидем."

Садамае, ки дар он Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи эстрадаи тоҷик, ҳалок шуд, сару садо ба по кард ва ҳаводоронаш хостори муҷозоти гунаҳкорони ҳодиса шуданд.

Дар гузашта садамаҳое бо иштироки фарзандони мансабдорон ва ё худи мансабдорон то ба охир таҳқиқ нашудааст ва ё хулосаи додгоҳ бештар ба манфиати омилони садама будааст.

Садамаҳои маргбор, вале бе "гунаҳкор"

Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Сино, ки охири моҳи сентябри соли 2014 як зани роҳрӯбро пахш карда, ба ҳалокат расонд, пас аз се моҳи боздошт, афв ва раҳо гашт.

Фарзанди мансабдороне ба мисли Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳан ва Нусратулло Абдуллоев, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар садамаҳое, ки боис ба ҳалокати одамон мешаванд, гумонбар буданд, вале дар ниҳоят парвандаҳои онҳо то ба додгоҳ нарасид.

Соли 2016 дар садамае бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, ду нафар ҳалок шуд, вале дар охир садамаро “камбудии техникӣ” номиданд.

Шарҳҳоро бинед (27)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG