Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо кӯдаки хурдсол намедонед, ба кадом тараф гурезед" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон аз ин баъд онҳоеро, ки дар роҳу шоҳроҳҳои кишвар пойгаҳ ташкил мекунанд, ҷаримаҳои бузург мебанданд ва ё ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум мекунанд.

Ҷазо барои ҷавононеро, ки пойгаҳ дар роҳҳои кишварро як навъ дилхушӣ медонанд, вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 23-уми апрел сахт карданд.

Дар ин рӯз тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул шуд ва бар асоси он, ҷавононе, ки пойгаҳои ғайрирасмӣ ташкил мекунанд, то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд. Ҷазои аз ин ҳам сахттар 2 сол маҳрум кардани фарди гунаҳкор аз ҳаққи ронандагӣ аст.

Сахт кардани ҷазо барои пойгаҳои хатарнок, ки дар Душанбе мушоҳида мешаванд, пешниҳоди вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст.

Нишасти порлумон
Нишасти порлумон

Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини вазири умури дохилӣ, зимни муаррифии тағйирот дар бораи сабабҳои ташаббуси вазорат гуфт, ки ҳадафи онҳо “пешгирӣ намудани ташкили пойгаҳои ғайрирасмӣ аст.”

Дар гузашта, мақомоти интизомӣ бандеро дар қонун пайдо намекардаанд, ки барои чунин пойгаҳо касеро ҷазо бидиҳанд, аз ин рӯ гунаҳкорон ё барои “барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ” ҷарима мешуданд, ё барои авбошӣ, ки ҷаримаҳои калон надорад.

Вақте бо кӯдаки хурдсол меравед, дигар намедонед ба кадом тараф гурезед

Ҷавононе, ки шефтаи суръати баланд ҳастанд ва аз ин роҳ адреналини худро хориҷ мекунанд, мегӯянд, таъйини ҷазо дуруст нест, чун онҳо на ҷиноят содир кардаанд, на кори ғайриқонунӣ.

Яке аз ин ҷавонон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пойгаҳ танҳо намоиши ҳунари мошинсавории худ дар назди ҳамдигар аст, на чизи дигар.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Бо кӯдаки хурдсол намедонед, ба кадом тараф гурезед"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:12 0:00

Аммо сокинони пойтахт мегӯянд, хушҳолии гурӯҳе набояд оромиши мардуми дигарро халалдор кунад. Лутфияи Самиҷон, як сокини пойтахт, ки шоҳиди баргузории чунин пойгаҳо шудааст, аз таъйини ҷазо барои пойгаҳои худсарона истиқбол кард.

Ҷазои сахт барои пойга кори дуруст аст?

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Шабона яктараф, ҳатто дар рӯз ҳам чунин ҳолатро вохӯрдан мумкин аст. Вақте бо кӯдаки хурдсол меравед, дигар намедонед ба кадом тараф гурезед”.

Аммо айни баррасии пешниҳоди ҷазо барои пойгаҳои худсарона, муовини вазир нагуфт, ки аслан киҳо ба ин кор даст мезананду, ҷони худу дигаронро дар хатар мегузоранд. Ҷавононе, ки чунин сабқатҳои мошиндавониро тамошо кардаанд мегӯянд, дар аксари чунин пойгаҳо ҷавонони доро ва ё ашрофзодаҳо, фарзандони манбсадорон ширкат мекунанд, ки мошинҳои гаронарзиш доранд.

Шерзод Каримов як ҷавони тоҷик гуфт: ​"Ин гурӯҳи ҷавонон кӯшиш мекунанд, вақте чунин пойгаҳоро анҷом диҳанд, ки касе дар хиёбонҳо нест ва рафтуомади мошинҳо ба назар намерасад. Ин ҷавонон медонанд, ки дар куҷо пойга кунанд”.

Ба гуфтаи Шерзод, ин гурӯҳи ҷавонон, ҳангоми пойга натанҳо тавоноии мошини худро ба намоиш гузошта, онро бо суръати баланд меронанд, балки ҳаракатҳои хатарноке низ анҷом медиҳанду, мошини худро давр мезанонанд.

Ҷазо барои ашрофзодаҳову бачаҳои мансабдорон?

Таъйини ҷазо барои созмондиҳандаҳои пойгаи мошинҳо дар ҳолест, ки қаблан ҳодисаҳои боздошти ҷавонони ба истилоҳ “ашрофзода”-ҳо ҳангоми чунин сабқат сабт шудааст.

Айни замон мавридҳои ширкати фарзандони афроди мансабдор дар садамаҳои маргбор дида шудааст, ки дар натиҷаи бо суръати баланд рондани мошин ба вуқӯъ пайвастаанд.

Волидони Расули Амонуллоро барои бемасъулиятӣ ҷарима карданд.
Волидони Расули Амонуллоро барои бемасъулиятӣ ҷарима карданд.

Як намунаи барҷастаи чунин садама шоми 9-уми октябри соли 2013 бо иштироки Расули Амонуллоҳ (писари Амонулло Ҳукумов, раиси вақти ширкати давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”) рух дод, ки бо марги се нафар анҷомид.

Инчунин, садамаи 10-уми сентябри соли 2016 бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, боис ба марги ду нафар шуд. Аксари чунин ҳодисаҳо бо пардохти ҷаримаву муҷозоти сабуки маъмурӣ анҷомидааст.

Ҳарчанд то кунун ҳузури фарзандони худро мансабдорон дар чунин пойгаҳо рад мекунанд, аммо зимни баррасии ин тағйирот дар порлумон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, аксари ин ҷавонон фарзандони “пулдорон” ҳастанд ва пардохти ҷарима низ барои онҳо мушкил надорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG