Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда ба зидди додситоне, ки дар садамаи мошинаш Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд


Ислом Анварзода.
Ислом Анварзода.

Додситонии шаҳри Душанбе ба зидди Ислом Анварзода, муовини пешини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар натиҷаи садамаи мошинаш сарояндаи шинохта Баҳром Ғафурӣ фавтид, парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ҳодиса субҳи 7-уми август рух дод.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки Ислом Анварзода ва ҳамроҳонаш "дар ҳолати мастӣ" савори "Ландкрузер-200" ба "Камаз" бархӯрданд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 27-уми август гуфтанд, ҳодиса бар асоси қисми чаҳори моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад.

Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷазо ба ронандеро пешбинӣ мекунад, ки "дар ҳолати мастӣ ҳаракати роҳро вайрон мекунад ва боис ба марги инсон ва ё зарари вазнин ба саломатӣ мешавад".

Ислом Анварзода, ки пас аз садама дар ҳолати кома қарор дошт, ҳоло ба ҳуш омадааст.

Як пизишк аз бемористони Қарияи Боло бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ҷарроҳӣ Ислом Анварзодаро ба шифохонаи хусусии “Мадади Акбар” интиқол доданд. Ӯ гуфт, устухони дасти чапи Анварзода, ки пора-пора шуда буд, гирифтанд ва пойи росташ низ аз чанд ҷой ҷарроҳӣ шуд.

“Ҷарроҳии вазнинеро аз сар гузаронд. Ӯро аз бемористони Қарияи Боло бурданд. Аҳволаш муътадил аст, лекин барои пурра барқарор шудани саломатиаш вақт лозим аст”, -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин садама, ки дар он Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи эстрадаи тоҷик ҳалок шуд, сару садо ба по кард. Ҳаводорони ин сароянда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳкорони ин садама ҷазо дода шавад.

Дар гузашта садамаҳое бо иштироки фарзандони мансабдорон ва ё худи мансабдорон то ба охир таҳқиқ нашудааст ва ё хулосаи додгоҳ бештар ба манфиати омилони садама будааст.

Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Сино, ки охири моҳи сентябри соли 2014 як зани роҳрӯбро пахш карда, ба ҳалокат расонд, пас аз се моҳи боздошт, афв ва раҳо гашт. Фарзанди мансабдороне ба мисли Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳан ва Нусратулло Абдуллоев, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар садамаҳое, ки боис ба ҳалокати одамон мешаванд, гумонбар буданд, вале дар ниҳоят парвандаҳои онҳо то ба додгоҳ нарасид.

Соли 2016 дар садамае бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ду нафар ҳалок шуд, вале дар охир садамаро “камбудии техникӣ” унвон кардан ва ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо карданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG