Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, субҳи 20-уми август эълон кард, ки амалиёти заминии нирӯҳои амниятии он кишвар барои бозпасгирии шаҳри Талъафар дар вилояти Найнаво оғоз шудааст. Талъафар дар 80-километрии шаҳри Мавсил воқеъ аст ва дар ҳоли ҳозир аз охирин манотиқи боқимондаи таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба шумор меравад.
Талъафар бо аҳолии 200 ҳазор нафарӣ то ишғоли шаҳр аз тарафи ДИИШ низоъҳои мазҳабии байни шиаву сунниҳоро аз сар гузаронд.
Ҳайдар Ибодӣ дар як суханронии телевизионӣ аз амалиёти озодсозии шаҳри Талъафар хабар дод ва хитоб ба ҷангҷӯёни ДИИШ гуфт, “интихобе надоред – ё таслим мешавед, ё мемиред”. Мақомоти ироқӣ тахмин мезананд, ки дар ҳудуди Талъфар аз 1400 то 1600 ҷангҷӯи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ҳузур дошта, аксари онҳо хориҷианд.
Ҳафтае пеш пулиси Ироқ дар баёнияе аз амалиёти бозпасгирии Талъафар хабар дод. Аммо дар баёнияҳо шумори дақиқи нирӯҳои ҳарбӣ ва интизомӣ, ки қарор аст дар озодсозии шаҳри Талъафар иштирок кунанд, эълон нашудааст. Бино ба гузоришҳо “Ҳашд-уш-шаъбӣ”, шибҳанизомиёни асосан шиаи ироқӣ, дар ин амалиёт нирӯҳои амниятиро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Пештар Стефан Таунсенд, фармондеҳи аршади нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод гуфта буд, нирӯҳои низомии Ироқ ба таври густарда омодаи оғози амалиёт ҳастанд. Генреал Танусенд, ки дар айни ҳол масъули ироаи кумак ва ҳимояти артиши Амрико ба нирӯҳои низомии ироқист, гуфт, “наметавонам бигӯям, ҳамаи худрав ва силоҳҳои осебдидаро иваз кардаем”, аммо афзуд, “ҳама чиз ба андозаи кофӣ дар омодагӣ қарор дорад”.
Эътилофи ба раҳбарии Амрико дар ҳоли ҳозир машғули анҷоми амалиёти ҳавоӣ алайҳи ҷангҷӯёни ДИИШ дар Ироқу Сурия аст. Ҳамчунин, аз нирӯҳои низомии Ироқ ва шуморе аз шибҳанизомиёни суриягӣ дар набардҳои заминӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳимоят мекунад.
Хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” мегӯяд, Талъафар ва манотиқи атрофи он дар воқеъ дар миёни охирин минтақаҳои умдае қарор доранд, ки ҷангҷӯёни ДИИШ ҳамчунон ҳузур ва нуфузи худро дар онҷо ҳифз кардаанд. Ин шаҳр пас аз Мавсил дувумин шаҳри сераҳолии вилояти Найнавост ва дар 150-километрии марзи Сурия, дар миёни яке аз роҳҳои калидии мавриди истифодаи ДИИШ, қарор дорад.
Амалиёти бозпасгирии Талъафар аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” баъди озодии шаҳри Мавсил сурат мегирад. Амалиёт барои бозпасгирии Мавсил дувумин шаҳри бузурги Ироқ соли гузашта оғоз шуд ва нӯҳ моҳ идома кард.
Мавсил, Талъафар ва бахшҳои дигаре аз Ироқ дар соли 2014 ва дар авҷи пешравиҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар канори бахшҳое аз Сурия таҳти назорати ин гуруҳ қарор гирифта буд. Талъафар бо аҳолии 200 ҳазор нафарӣ то ишғоли шаҳр аз тарафи ДИИШ низоъҳои мазҳабии байни шиаву сунниҳоро аз сар гузаронд. Рӯёрӯиҳо соли 2003, баъди вуруди нерӯҳои хориҷӣ бо раҳбарии Амрико ба Ироқ шадидтар шуд. Теъдоде аз фармондеҳони маҳаллии Талъафар, ки дар шаҳр фаъолият мекарданд, баъдан фармондеҳони аршади ҷиҳодиҳо шуданд.