Пайвандҳои дастрасӣ

Саидамир Зуҳуров: Зинда мондани ман як муъҷиза буд


Саидамир Зуҳуров. Рӯзи 28-уми сентябри 2018

Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки 9 моҳ пеш аз як сактаи мағзӣ ҷон ба саломат бурд, гуфт, муҳимтарин таҳаввулоти солҳои ахир дар зиндагии ӯ ва кишвар "эҳёи равобити хуб бо Узбекистон буд".

Онҳо гуфтанд, ки дили қавӣ доштаам, вагарна ба ҷарроҳие, ки соатҳо тӯл кашид, тоб намеовардам

Зуҳурови 68-сола, ки 28-уми сентябр бо мо дар манзили зисташ суҳбат мекард, гуфт, "рӯзи сафари Шавкат Мирзиёев аз фарзандон хостам, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро пайдо кунанд. Тамоми сафарро аз аввал то ба охир тамошо кардам. Воқеан, хушҳол шудам. Ин орзуи мардуми ҳарду кишвар буд, ки бо талоши сарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - амалӣ шуд."

"Умед дорам, ки нороҳат намешаванд"

Бо онки дар чеҳраи Зуҳуров ҳанӯз осори беморӣ ҳувайдост ва аз рӯи дастури табибон ба суҳбатҳои тӯлонӣ иҷозат надорад, хабарнигорони Радиои Озодиро бо хушҳолӣ пазируфт.

Генерал ҳанӯз ҳам бо кумаки фарзандон аз ҷой баланд мешавад ва дар рӯи ҳавлӣ бо асобағал боэҳтиёт ҳаракат мекунад. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки на суолҳои вазнин, балки як ҳолпурсии инсонӣ анҷом диҳем.

Саидамир Зуҳуров эътироф кард, ки хабарнигорон аз дохил ва аз Русия дархости суҳбат мекунанд, вале ӯ рад намудааст. "Умед дорам, ки суҳбати мо онҳоро нораҳат накунад. Ман ба хабарнигорон бисёр эҳтиром дорам ва ҳамеша бо онҳо робитаи хуб доштам", - гуфт раҳбари пешини Кумитаи амнияти Тоҷикистон.

"Зинда мондани ман муъҷиза аст"

Саидамир Зуҳуров дар ибтидо суҳбатро аз изҳори сипос ба пизишкони Қарияи Боло, вазири тандурустӣ ва аъзои ҳукумат шурӯъ кард. Ӯ гуфт, ки онҳо аз замони бемориаш то ба ҳол дар канораш ҳастанд ва пайваста хабар мегиранд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Мирзонабии Холиқзод бо Саидамир Зуҳуров
Хабарнигори Радиои Озодӣ Мирзонабии Холиқзод бо Саидамир Зуҳуров

"Амали ҷарроҳие, ки пизишкони ин беморхона анҷом доданд, воқеан, қаҳрамонӣ буд. Маҳорату дониши онҳо буд, ки имрӯз суҳбат мекунам", - гуфт ӯ ва афзуд, "пештар амалиёти қалбро дар Ҳиндустон паси сар кардам. Ба қавли пизишикони Ҳинд, он вазнинтарин ҷарроҳӣ буд. Онҳо гуфтанд, ки ман дили қавӣ доштаам, вагарна ба ҷарроҳие, ки соатҳо тӯл кашид, тоб намеовардам. Рагҳои қалбамро бо найчаи фӯлодин иваз карданд. Баъди ин боз ба сактаи мағзӣ дучор шудану зинда мондани ман як муъҷизаи Худованд аст."

Мо аз генерал Саидамир Зуҳуров пурсидем, ки оё дур аз кор ва пойбанди хона дилгир намешавад? "Ман 10 набера дорам, вақте худро дар иҳотаи онҳо мебинам, эҳсоси дилгирӣ ва танҳоӣ намекунам", - посух дод Зуҳуров.

"Саидамир Зуҳурови 2"

Ӯ дар идома афзуд, "писари чаҳорумам Бахтиёр фарзанди навзодашро ба хотири ман Саидамир ном гузоштааст. Вақте ки ӯро ба боғча бурданд, мураббияҳо пурсидаанд, ки насабаш чӣ аст? Инҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки Саидамир Зуҳуров. Мураббияҳо бо хушҳолӣ гуфтаанд, ки Саидамир Зуҳуров аз нав "кӯдак" шудааст. Вақте ки ин ҳарфҳоро шунидам, беҳад шод шудам. Шогирдонам зуд-зуд хабар мегиранд. Вазирон, аъзои порлумон низ аз ҳолам хабар мегиранд, бо телефон суҳбат мекунанд."

Радиои Озодӣ: Қаблан дар як суҳбат гуфта будед, ки ба ҷойи кори пешинаатон, яъне ба ширкати мобилии "Билайн" бармегардед...

Саидамир Зуҳуров
Саидамир Зуҳуров

Саидамир Зуҳуров: "Танҳо як дафъа кормандони "Билайн" омада, маро ба идора бурданд. Ва он рӯз дар ширкат ид буд. Хеле хушҳолона истиқбол намуданд. Ҳамкорон мегуфтанд, ки дар як ҳафта ақаллан як бор биёед, идора "бӯи Зуҳуров" кунад, бас аст. Ман ҳоло ҳам дар ин ширкат ҳастам, аммо бар асари беморӣ наметавонам зуд-зуд ба кор равам."

"Донишгоҳҳоро дар марказ бисозед"

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар идома ба сохтмони донишгоҳҳо дар минтақаҳои дурдаст ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, "бунёди донишгоҳҳо дар минтақаҳои дурдаст беҳад зиёд шудааст. Ҳатто замони аъзои ҳукумат будан ба ин масъала мухолифат доштам. Бояд донишгоҳҳо дар пойтахт сохта шаванд ва ҷавонон ба пойтахт оянд, бо ҳам ошно шаванду унс бигиранд. Ин одамонро муттаҳид мекунад. Ман Донишгоҳи омӯзгориро хатм кардаам ва то ҳанӯз бо ҳамдарсон робитаи хуб дорем. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба якдигар дасти кумак дароз мекунем."

Саидамир Зуҳуров аз моҳи феврали соли 2016 дар нафақа аст. Мақоми охирини ӯ дар ниҳодҳои давлатӣ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон буд.

Аз Саидамир Зуҳуров то кунун ба ҳайси кадри ҳирфаӣ ва таҷрубадор ном мебаранд ва борҳо дар матбуоти Тоҷикистон аз корҳояш ёдовар шудаанд. Яке аз корнамоиҳои ӯ -- озод кардани гурӯҳи журналистони расонаҳои дохиливу хориҷӣ аз дасти гурӯҳи тарафдори Ризвон Содиров дар охирҳои солҳои 90-ум будааст.

Саидамир Зуҳуров соли 1951 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе корро аз муаллими фанни таърих дар як мактаби миёнаи ноҳияи Фархор шурӯъ кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG