Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сиҳатии Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон беҳтар шуда ва аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба бахши умумӣ интиқол ёфтааст. Оқои Зуҳуров ҳудуди як ҳафта қабл бинобар сактаи мағзӣ дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки субҳи 29-уми январ ба аёдати Саидамир Зуҳуров дар бемористони Қаряи Болои Душанбе рафт, мегӯянд, ки раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи шанбеи 27-уми январ аз корпуси панҷуми (эҳёгарӣ) ин бемористон ба корпуси шашум (шӯъбаи табобати асаб), мунтақил шудааст.

Пизишконе, ки Саидамир Зуҳуров зери муолиҷаи онҳо қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вазъи саломатии раиси пешини КДАМ рӯ ба беҳбуд аст ва интизор меравад, ки табобати ӯ дар ин бемористон то ду ҳафтаи дигар идома кунад.

Саидамир Зуҳуров дар марҳилаи доғи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1996) аввалин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд ва баъдан дар вазифаи вазири умури дохилӣ ҳам ифои вазифа кардааст.

Фирӯз Зуҳуров -- писари Саидамир Зуҳуров гуфт, ки дар ҳоли ҳозир рӯҳияи падараш хуб аст ва озодона сӯҳбат мекунад ва низ бидуни ҳеҷ мамоният хӯрок истеъмол менамояд. Ба гуфтаи писари Сайдамир Зуҳуров, ба хотири ҳарчи беҳтари шудани аҳволи падараш, табибон то ба ҳол ба ӯ иҷозаи роҳ гаштанро надодаанд.

Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, шоми 22-юми январ бо сактаи мағзӣ (вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар) дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони Қарияи Боло бистарӣ шуд. Давоми чанд рӯзи ахир шуморе аз мақомҳои тоҷик, аз ҷумла Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, Насим Олимзода вазири тандурустӣ ва дигар мақомот аз ҳоли ӯ хабар гирифтаанд.

Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз моҳи феврали соли 2016 дар нафақа аст. Мақоми охирини ӯ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Дар ин вазифа ӯ даҳ сол кор кард.

Саидамир Зуҳуров дар марҳилаи доғи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1996) аввалин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд ва баъдан дар вазифаи вазири умури дохилӣ ҳам ифои вазифа кардааст. Ӯ солҳои ахир аз бемории қалб ранҷ мекашид ва соли гузашта баъди як ҷарроҳии вазнин дар Ҳиндустон ба Тоҷикистон баргашт.

Аз Саидамир Зуҳурови 67-сола ба ҳайси кадри ҳирфаӣ ва таҷрубадор ном мебаранд. Ин аст, ки хабари бемории ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бисёриҳоро нороҳат кард. Аз ҷумла, чанд хабарнигоре, ки бо кӯмаки Зуҳуров аз дасти силоҳбадастони гурӯҳи тарафдори Ризвон Содиров дар охирҳои солҳои 90-ум озод шуданд, бо иншои паёму дуоҳои нек хостори зудтар барқарор шудани саломатии генерал гардидаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG