Пайвандҳои дастрасӣ

Саидамир Зуҳуров: “Ҳикматёрро ман аз Тоҷикистон нарондам”


Генерал Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, иддаои яке аз пешвоёни мухолифини Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёрро беасос хонд, ки гуфтааст, Зуҳуров сабаб шуд, ӯ соли 1996 маҷбурӣ аз Тоҷикистон ба Эрон равад.

Талош кардем ба ҷои дигар биравем, нашуд. Баргашт ба Афғонистон ҳам душвор буд. Билохира маҷбур шудем, ки ба Эрон равем. Ман дар Эрон зиндонии сиёсӣ будам, на муҳоҷир ва на паноҳандаи сиёсӣ.

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон гуфтааст, баъди ишғоли қудрат аз ҷониби Толибон ӯ аз Афғонистон ба Душанбе рафт ва чанд рӯз дар сафорати кишвараш зиндагӣ кард. Аммо гӯё раиси вақти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров аз ӯ хостааст, ки кишварро зуд тарк кунад.

Саидамир Зуҳуров рӯзи 13-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, мулоқоти ҳузурии ӯ бо пешвои мухолифони Афғонистон дар асл чаҳор сол пеш аз он ҳодисаҳо, яъне соли 1992, дар Кобул сурат гирифта буд.

Ҳикматёр: Тоҷикистон маро аз қаламраваш берун кард

Гулбиддин Ҳикматёр
Гулбиддин Ҳикматёр

Гулбиддин Ҳикматёри 70-сола ба ин масъала дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо телевизиони Би-би-сӣ рӯзи 12-уми сентябр таъкид кард. Ӯ гуфт, ки соли 1996 баъд аз суқути Мазори Шариф ва Тахор ҳамроҳи Бурҳониддини Раббонӣ ба вилояти Бадахшон ва аз онҷо ба Душанбе рафта буд. “Мо дар сафорати Афғонистон дар Душанбе будем. Сафири Эрон бо масъулини дигари баландпоя, ки дар қазияи Афғонистон нақши фаъол доштанд, ба назди мо омаданд. Онҳо гуфтанд, масъули амнияти миллии Тоҷикистон хостааст, ки Ҳикматёр бояд фардо Тоҷикистонро тарк кунад”, - нақл кард ӯ.

Ҳикматёр дар идома гуфт, ҷониби Тоҷикистон ҳозир нашуд, ки барояш чархбол ё мошин фароҳам кунад, то ӯ худро ба Афғонистон бирасонад. Вай афзуд, “ман фаҳмидам, ки ҳадаф аз чӣ қарор аст. Онҳо мехостанд, ман ба Эрон раваму як зиндонии сиёсӣ бошам. Талош кардем ба ҷои дигар биравем, нашуд. Баргашт ба Афғонистон ҳам душвор буд. Билохира маҷбур шудем, ки ба Эрон равем. Ман дар Эрон зиндонии сиёсӣ будам, на муҳоҷир ва на паноҳандаи сиёсӣ.”

Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон моҳи майи соли равон, баъди 20 сол дубора ба Афғонистон баргашт. Бозгашти ӯ бар пояи созиш бо раҳбари феълии Афғонистон сурат гирифт, ки мехоҳад аз нуфузи Ҳикматёр барои таъсир ба Толибон истифода кунад.

Зуҳуров: Ҳикматёр як муддат дар Тоҷикистон буд, аммо...

Саидамир Зуҳуров
Саидамир Зуҳуров

Саидамир Зуҳуров дар солҳои 1992 – 1996 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд. Ӯ таъйид кард, ки Ҳикматёр баъди гузаштани Афғонистон ба дасти Толибон ба Тоҷикистон омада ва як муддати кӯтоҳ дар Душанбе буд, вале таъкид кард, ки дар ин муддат бо Ҳикматёр дидору гуфтугӯ надошт ва хуруҷи ӯ аз кишварро низ талаб накардааст.

Зуҳуров рӯзи 13-уми сентябр дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дидори аввалину охирини ӯ бо Гулбиддин Ҳикматёр хеле пештар аз ин ҳодисаҳо, дар солҳои 1993-ум дар канораҳои Кобул сурат гирифт. Ин як сол баъд аз шурӯи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ гуфт, дар ҳайати баландпояи Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон сафар карда буд.

“Дар он ҳайат мушовири давлатии президент Карим Юлдошев, Эркин Раҳматуллоев, масъули оҷонсии Ховар (ТоҷикТА) Зайниддин Насриддинов, муовинони сарвазири Тоҷикистон ва дигарон шомил буданд. Мо дар маҳаллаи Чоросиёи Афғонистон, дар 25-километрии Кобул бо Ҳикматёр, ки сарвазири Афғонистон буд ва бо Бурҳониддини Раббонӣ дар Кобул меҷангид, бештар аз ду соат мулоқот кардем”, - гутф ӯ.

Раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон афзуд, “Ҳикматёр ҳайати Тоҷикистонро хеле хуб қабул кард. Дар ин мулоқот мо масъалаи гурезаҳои тоҷик дар Афғонистон ва тақдири баъдии Иттиҳоди мухолифини мусаллаҳро баррасӣ карда будем ва дигар ман бо ӯ мулоқот накардам”.

Бархӯрди Афғонистон ба бозгашти Гулбиддин Ҳикматёр, ки ӯро бо ишора ба мушакборонҳояш болои Кобул “Гулбиддин Рокетёр” ва “Қассоби Кобул” мегуфтанд, якранг нест. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки Ҳикматёр бояд барои ҷиноятҳояш ҷавоб диҳад. Аммо бархе ҳам дар Афғонистон аз ӯ ҳамчун як чеҳраи муҳим дар роҳи мубориза бо нерӯҳои бегона дар хоки Афғонистон ном мебаранд.

Аҳмад Шибар, шореҳи масоили Афғонистон дар Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳоло Ҳикматёр як бахши барномаи сулҳи ин кишвар арзёбӣ мешавад. Аммо таъсиргузорие, ки Ҳикматёр бояд рӯи Толибон медошт, то ҳол ба назар намерасад. Тобистони соли равон Толибон ҳамлаҳои густардаро дар манотиқи мухталифи кишвар анҷом дода ва садҳо нафарро ҳалок карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG