Пайвандҳои дастрасӣ

Бобоҷони Икром: “Касе бовар надошт, ки ин ҳукумат дер мепояд”


Бобоҷони Икром

Бобоҷони Икром (Бобоҷон Икромов), раиси пешини Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ба синни 60 расид. Ӯ ин мақомро соли 1992, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки ҳукумати кунуниро ба қудрат расонд, соҳиб шуд. Бобоҷони Икром рӯзи 5-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ қаблан дар мақоми муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио кор карда, аммо дар замони ҳукумати мусолиҳаи миллӣ дар қатори чандин хабарнигори дигар аз кор рафта буд.

Қарор аст, маҳфили шастсолагии Бобоҷони Икром рӯзи 10-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Дар остонаи ин маҳфил хабарнигори Радиои Озодӣ бо Бобоҷони Икром сӯҳбат кард ва нахуст аз роҳи воридшавиаш ба журналистика ва кору рӯзгораш пурсид.

Бояд гӯям, соли 1992, ки ҳукумати мусолиҳаи миллӣ сари қудрат омад, як зумра беҳтарин рӯзноманигорони радио ва телевизионро аз кор озод карданд. Ман ҳам дар қатори онҳо будам.

Бобоҷони Икром: “Дар хурдӣ орзуи инро доштам, ки муаллими забони англисӣ шавам. Аммо як меҳмонии устод Мирзо Турсузонда дар хонаи мо чархи тақдири маро ба самти дигар гардонд. Солҳои ҳафтодум Турсунзода аз Исфара намоянда дар Маҷлиси вакилони халқи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Як замон он кас барои мулоқот бо интихобкунандагон ба Исфара рафтанд ва падарм барои меҳмонӣ даъват карданд. Ман ҳам аз рӯи одати тоҷикӣ ба назди устод чойи кабуд бурдам. Устод пурсиданд, ки пас аз хатми мактаб кӣ шуданӣ ҳастам. Гуфтам, ки муаллими забони англисӣ. Турсунзода ба падарам гуфтанд, ки Мулло Сайфиддин, омӯхтани забони англисӣ хуб аст, вале тоҷикӣ авлотар. Писари шумо дар риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Душанбе таҳсил кунад, беҳтар аст. Ин пешниҳоди Турсунзода барои ман мисли як роҳхат шуд ва соли 1973 ба шаҳри Душанбе рафтам ва донишҷӯи бахши журналистикаи донишгоҳ гардидам.”

"Маро аз кор озод карданд"

Радиои Озодӣ: Дар ибтидои солҳои 90-ум ҳодисае Шуморо шинохта кард. Вақте моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ҳукумати кунунӣ сари қудрат омад ва Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд, Шуморо ба вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин намуд. Ӯ даъват кард, ки барои кор ба Душанбе биравед. Шумо низ ҳамкорӣ бо ин ҳукумати навтаъсисро, ки бисёр кас умед надошт, дер хоҳад поид, қабул кардед...

Бобоҷон Икром зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ
Бобоҷон Икром зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ

Бобоҷони Икром: “Бояд гӯям, ки соли 1992, вақте ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ сари қудрат омад, як зумра рӯзноманигорони беҳтарини радио ва телевизионро аз кор озод намуд. Ман ҳам дар қатори онҳо будам. Вале дар моҳи ноябри ҳамон сол, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба ман пешниҳод карданд, ки вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиоро бар дӯш бигирам. Ман ҳам қабул кардам. Зимнан, то он вақт ман 18 сол дар телевизион кор карда, аз муҳаррири хурд то вазифаи муовини раиси кумитаи мазкур расида будам. Хуб, дар он иҷлосия аъзои Президиуми Шӯрои Олӣ, ҳукумати Тоҷикистон интихоб шуданд ва мушкили ба Душанбе баргаштан пеш омад.”

"Касе бовар надошт, ки ҳукумат давом мекунад"

Радиои Озодӣ: Дуруст аст, ки он вақт бисёр кас ишғоли курсиҳои баландро рад карданд?

Бобоҷон Икром 10 октябри соли 1957 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара таваллуд шудааст. Солҳои 1973-1978 донишҷӯи шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Баъди хатми донишгоҳ то соли 1992, дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон кор кард. Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радио таъин гардид. Аз соли 1995 то 2001 - мушовири раиси Ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «Мир» дар шаҳри Маскав буд. Аз соли 2001 то охири соли 2016 дар мақоми сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии “Вароруд” дар шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Барандаи озмунҳои байналмилалии рӯзноманигории “Русский мир” ва “Зеҳни миллат” ва ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ. Муаллифи 10 китоби адабиву публисистӣ мебошад.

Бобоҷони Икром: “Бале. Мутаассифона, пешниҳоди сарвари давлатро барои ҳамроҳ кор кардан ва барқарор кардани оромиву субот дар кишвар на ҳама ҷиддӣ қабул намуданд. Бисёриҳо бо баҳонаи бемории худу волидон ё далели дигар ба дӯш гирифтани масъулияти давлатиро рад мекарданд. Тарсу ҳароси кор дар шароити ноором ва хатарнок дар Душанбе бар онҳо чира шуда буд. Бовар кардан намехостанд, ки ин ҳукумати нави қонунӣ дер мепояд ва шояд баъд аз як моҳ аз саҳна хоҳад рафт. Дар ҳамин вазъи ҳассос ва тақдирсоз, даврае, ки дар Тоҷикистон бесарусомониву гуруснагӣ ва бародаркушӣ ҳукмфармо буд, нафароне сари кор омаданд, ки омода буданд ҷони худ, ҳастии худро барои бақои миллат, дифои кишвар ва барқарор кардани оромиву субот дар қаламрави кишвар фидо кунанд. Бубинед, Душанбе пойтахт дар дасти ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ буд, ягон нафар аз аъзои нави ҳукумат дар шаҳри Душанбе иқомат надошт. Дар ҳамин вазъ ва шароити бисёр душвор бо пешниҳод ва супориши раиси Шӯрои Олӣ – Эмомалӣ Раҳмон аввал Саидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи давлатии амният вориди Душанбе гардид. Баъдан ман ба ҳайси раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радио озими пойтахт шудам.”

"Вазифаи таърихиамро адо кардам"

Радиои Озодӣ: Вазъ чӣ гуна буд ва дар чӣ шароите кор мекардед?

​Бобоҷони Икром: “Вазъияти ҳарбӣ, кашмакашҳо, задухӯрдҳо ва муноқишаҳои мусаллаҳонаи байни гурӯҳҳои гуногун дар Душанбе идома дошт. Дар чунин шароит ба мо лозим меомад, ки фаъолияти сохтори давлатиро ба роҳ монем. Ҳоло фикр мекунам, ин вазифаи таърихиро на танҳо ман, балки ҳамаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон, ки баъди мо ба Душанбе баргаштанд, адо карданд. Ҳадаф ва мақсаде, ки раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар назди худ ва ҳукумат гузошта буд, иҷро шуд. Яъне, ҳукумати қонунӣ дар Тоҷикистон барқарор шуд. Ба ман, ҳамчун раҳбари Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон муяссар шуд, 9-уми декабри соли 1992 эълон кунам, ки дар Душанбе ҳукумати конститутсионӣ ба фаъолият шурӯъ кард.”

Барканорӣ аз Кумитаи радио ва телевизион

Радиои Озодӣ: Вале ҳамагӣ баъди ду сол, соли 1994, шуморо аз вазифаатон барканор карданд. Сабаб чӣ буд?

​Бобоҷони Икром: “Сабаб аз як хислати маъмулии бархе инсонҳо бармеояд. Баъд аз онки ҳукумат таъсис ёфт, ба фаъолият шурӯъ кард, дар саросари кишвар сохтори давлатӣ барқарор гардид, фаъолияти муназзами радио ва телевиизиони Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, боз мансабталошӣ сар шуд. Яъне, инсонҳое пайдо шуданд, ки худро дар вазифаи раиси Кумитаи радио ва телевизион дидан мехостанд. Ман вориди ин муноқишаҳо нашудам ва дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтам, ки омода ҳастам ин вазифаро ба касе, ки орзуи раиси кумита шуданро дорад, бидиҳам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ман фикр мекунам, барои рӯзноманигор вазифа чизи муқаддас нест. Ман ба ҳайси як журналист, як шаҳрванди Тоҷикистон дар лаҳзаҳои душвортарин рисолати худро иҷро кардам. Аз ҳама муҳимаш, халқи азияткашидаи тоҷик оқибат соҳиби давлат шуд. Заминаҳои ягонагӣ ва ваҳдати воқеӣ барои расидан ба сулҳи саросарии кишвар пайдо шуд. Дар ин гуна вазъ моҷарои мансаб пеш омад. Ба худ гуфтам, ин беҳтарин вақт аст, ки ман аз сари вазифа равам. Рафтам ва боз шукри Худо, ба кори рӯзноманигорӣ машғул шудам. Як муддат дар Маскав дар ширкати байнидавлатии телевизионии “Мир” ба ҳайси мушовири раиси ин ширкат дар умури Осиёи Марказӣ кор кардам.”

Радиои Озодӣ: Сипас боз Хуҷанд баргаштед ва дар Оҷонси навтаъсиси иттилоиву таҳлилии “Вароруд” ба кор пардохтед.

Бобоҷони Икром: “Бале, бо гузашти 8 сол баъди рафтанам аз Тоҷикистон дар кишварамон дар баробари расонаҳои давлатӣ расонаҳои ғайридавлатӣ ва хусусӣ рӯи кор омаданд. Оҷонси иттилоотиву таҳлилии “Вароруд” нахустин чунин оҷонсие буд, ки дар Хуҷанд соли 2000 бо ибтикори рӯзноманигор Илҳоми Ҷамолиён таъсис ёфт. Ба 3 забон: русиву тоҷикӣ ва англисӣ матолиб нашр мекард ва бо пешниҳоди ӯ ман вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Вароруд”-ро ба зимма гирифтам. То охири соли гузашта, яъне замони барҳам хӯрдани “Вароруд”, ин корро иҷро мекардам.”

"Вароруд" ба бӯҳрон тоб наовард

Радиои Озодӣ: Чаро “Вароруд” аз байн рафт? Бисёр хонандаҳо ва муштариёнаш умед доштанд, ки як ҳафтаномаи минтақаӣ хоҳад шуд, чун дар Қирғизистону Қазоқистон ва Узбакистон низ хабарнигорон пайдо карда буд...

Бобоҷони Икром: “Дар воқеъ, “Вароруд” пештоз буд ва соли 2004 ба ҳайси беҳтарин саҳифаи интернетӣ дар Тоҷикистон ҷоизаи ба номи Лоҳутиро ба даст овард. Дар он солҳои аввали баъди таъсисаш гурӯҳи рӯзноманигорони қавӣ, мисли Неъматуллоҳи Мирсаид, Искандари Фирӯз, Баҳром Файзуллоев, Наргис Зокирова ва дар минтақаҳо Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад ва Зайниддин Орифӣ (Конибодом), Шоҳини Равшан (Панҷакент) гирд омаданд. Бо дастгирии молии САҲА як муддат “Вароруд” фаъолияти хеле хуб ба роҳ монд. Дар Узбакистон ва Қирғизистон хабарнигорон пайдо кард. Дар мавриди инъикоси ҳодисаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии водии Фарғона пештоз буд. “Вароруд” дар шимоли Тоҷикистон ба як мактаби воқеии журналистӣ табдил ёфт. Вале ба таъсири буҳрони молӣ мо дигар натавонистем талаботи молии хабарнигорони худро таъмин кунем. Аз сӯи дигар, дар Хуҷанду Душанбе чандин расонаҳои ғайридавлатӣ таъсис ёфтанд ва бархе рӯзноманигорони мо ба хотири шароити беҳтар ва таъмини рӯзгор “Вароруд”-ро тарк карданд ва ба расонаву созмонҳои дигар ба кор гузаштанд. Бо ин ҳама ҳафтаномаи “Вароруд” ҳадди ақал 16 сол фаъолият дошт ва моҳи декабри соли 2016 мо дигар натавонистем ҳафтаномаро ба нашр расонем ва барҳам хӯрд.”

Бобоҷон Икром китоб менависад

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба чӣ машғулед?

Бобоҷони Икром: “Аз солҳои 90-ум ба эҷод машғулам. Дар ин солҳо чандин китоби қиссаву ҳикояҳо ва намоишномаҳои худ, ба мисли қиссаи “Ашки сӯзон”, “Дидор”, маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии худ – “Шаҳри ханда”, “Хотираҳои офтобӣ” дар бораи рӯзгор ва фаъолияти Ҷаббор Расулов (дар ҳамкорӣ бо Ибод Файзуллоев)-ро ба нашр расонидам. Имрӯзҳо, дар арафаи 60-солагиам китоберо бо номи “Армони модар” ба чоп расондам. Ин китоб қиссаи нави “Аз Турсунзода то Бондарчук” ва беҳтарин қиссаву ҳикояҳо ва ҳаҷвияҳои эҷодкардаамро дарбар мегирад.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG