Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА мегӯяд, ки ихтилофи назар бо мақомоти Тоҷикистон рафъ шуд. ВИДЕО


Туула Юрёла

Туула Юрёла, раҳбари дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бисёре аз ихтилофоти назари созмон бо мақомоти Тоҷикистон ҳал шудааст. Ӯ гуфт, умедвор аст, ки ҳамкориҳои ду тараф дар оянда “олуда” намешаванд. Хонум Юрёла рӯзи 16-уми ноябр дар ин бора ва ҷанбаҳои дигари фаъолияти созмон сӯҳбат кард.

Медонам, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, муколама дар бораи онҳоеро, ки дар кишвар ба унвони террорист шинохта шудаанд, бо Созмони Амният ҳамкории Аврупо ва бахусус Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар идома бидиҳад.

Радиои Озодӣ: Баъди тағйири мақом кардани намояндагӣ, созмони шумо кадом барномаҳоро дар Тоҷикистон иҷро мекунад?

Туула Юрёла: “Тавре медонед, маъмурияти дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе аз моҳи июл нав шуд ва бар асоси ваколатҳои нав мо сари ҳамон масъалаҳое кор мекунем, ки пеш кор мекардем. Ду тағйироти умдаро мехостам зикр кунам, ки аввал тағйири номи намояндагӣ аст. Аввал ин ки мо қаблан намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ном доштем, ҳоло дафтари барномаҳои созмон дар Душанбе аст. Дувум тағйир бастани 5 дафтари минтақавӣ аст, ки мо дар Ғарму Хуҷанд, Кулоб, Қӯрғонтеппа ва Шаҳритус доштем. Ҳафтаи гузашта ман бо намояндагони ҷомеаи маданӣ ва баъзе созмонҳои ғайриҳукуматӣ дидору гуфтугӯ доштам ва ҳамкорӣ бо онҳоро баррасӣ кардам. Мехоҳам таъкид кунам, ки барои дафтари мо бисёр муҳим аст, барои ҳадафҳое кор кунем, ки ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомеаи маданӣ бо он мувофиқанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Мо сари масоили фарогири амниятӣ ва рушди Тоҷикистон кор мекунем ва ин кори мо мувофиқ ба стратегияи рушди миллии ҳукумат ва дигар стратегияҳои рушд сурат мегирад. Яке аз корҳои муҳиме, ки мо мекунем, кумак ба Тоҷикистон барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, таъмини амнияти марзҳо аст. Ин ду масъала, албатта, мояи аслии нигаронии ҳукумат ва барои амнияти минтақавӣ муҳим аст. Дар воқеъ дар масъалаи мубориза бо ифротгароии хушунатбор, ки ба терроризм мерасонад, мо аз соли 2010 кор мекунем. Мо ба ҳукумат дар таҳияи тарҳи стратегияи ин мубориза ёрӣ кардем, ки онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2016 тасвиб кард. Мехостам бигӯям, Тоҷикистон метавонад ифтихор кунад, ки нахустин кишвар дар Осиёи Марказӣ шуд, ки чунин стратегияро қабул мекунад. Ман ифтихор мекунам, ки ҳафтаи гузашта ёддошти ҳусни тафоҳумро бо Вазорати дифои Тоҷикистон барои таъсиси маркази тамрини маҳви маводи тарканда имзо кунам.”

Лаҳзае аз суҳбати Искандари Фирӯз бо Туула Юрёла
Лаҳзае аз суҳбати Искандари Фирӯз бо Туула Юрёла

Радиои Озодӣ: Тағйири мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо ибтикори бевоситаи худи созмон сурат гирифт, ё талаби давлати Тоҷикистон буд?

Туула Юрёла: “Тоҷикистон кишвари мизбони дафтари мо аст ва ба андешаи ман, Тоҷикистон ё ҳар кишвари дигари мизбон мехоҳад ва ё метавонад, мақоми созмонро бознигарӣ кунад. Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта (манзур ҷаласаи ҳуқуқи башар дар Варшава бо ҳузури мухолифини тоҷик) ба масъалаи бознигарии мақом таъсир гузошт ва талаби бознигарӣ аз тарафи Тоҷикистон омад. Вале мехоҳам, таъкид кунам, ки ин масъала мушкилсоз нест ва бо мақоми нав ҳам мо кори худро хуб идома медиҳем.”

Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон мухолифони давлатро, ки дар Аврупо паноҳ бурдаанд, террорист меноманд. Шумо ҳам ин масъаларо, албатта, бо мақомоти кишвар баррасӣ кардаед. Ба назари шахсии шумо онҳо террористанд?

Туула Юрёла: “Дар воқеъ, ин масъала чанд дафъа дар гуфтугӯҳо бо мақомоти Тоҷикистон дар инҷо ва дар Вена дар Австрия матраҳ шуд. Масъала бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва дигар кишварҳои узв баррасӣ шуд. Масъалаи аслии танишҳо ҳамин ҳузури баъзе аз афрод ё гурӯҳҳои мунтақиди Тоҷикистон дар нишасти ҳуқуқи башар дар шаҳри Варшава буд. Аммо ман шахсан ҳаққи қазоват дар бораи гурӯҳ ва афродеро надорам. Шахсан бо онҳо шинос нестам. Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ин гурӯҳҳои мунтақиди давлатро террорист мешуморад, масъала ин аст, ки баъзе аз кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мутмаин нашудаанд, ин гурӯҳҳо дар воқеъ террорист ва ифротгаро ҳастанд. Барои ҳамин дар ин масъала ихтилофоти назар вуҷуд дошт. Ман зимни мулоқотам бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтам, ки метавонам назари Тоҷикистонро ба созмон ва дигар аъзои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо расонам.”

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо ихтилофи назари созмон бо Тоҷикистон комилан рафъ шудааст ва ё ҳанӯз масоиле боқӣ мондаанд?

Туула Юрёла
Туула Юрёла

Туула Юрёла: “Медонам, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, муколама дар бораи онҳоеро, ки дар кишвар ба унвони террорист шинохта шудаанд, бо Созмони Амният ҳамкории Аврупо ва бахусус Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар идома бидиҳад. Аз тарафи мо ҳамчун дафтари созмон дар Душанбе мо ҳамкории хуберо бо ҳукумат ба роҳ мондаем ва ман бовар дорам, ки ин робитаҳои мо дигар халалдор намешавад.”

Радиои Озодӣ: Баъди бастани дафтари САҲА дар минтақаҳо гуфта мешуд, даҳҳо нафар аз кормандони шумо бекор мондаанд?

Туула Юрёла: “Албатта, бастани дафтарҳо паёмади манфӣ дошт ва мо кормандонамонро ихтисор кардем. Мо аз ин афсӯс мехӯрем, вале илоҷ надоштем. Мо ҳамаи онҳоро ба Душанбе оварда наметавонистем, зеро буҷети мо иҷоза намедод. Дар маҷмӯъ, 45 нафар, аз ҷумла се корманди байналмилалиро ихтисор кардем. Бархе аз онҳо барои кор ба дафтари Душанбе истихдом шуданд, аммо ба далели камбуди буҷет мо наметавонем ҳамаи онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунем. Аммо фаъолияти мо дар минтақаҳо тавассути шариконамон аз созмонҳои ғайридавлатӣ ва марказҳои бӯҳрониву машваратҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ ҳамчунон идома дорад.”

XS
SM
MD
LG