Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баҳои баланд"-и САҲА ба интихоботи маҳаллӣ дар Гурҷистон


Каха Каладзе, собиқ футболбози дастаи машҳури Милан ва собиқ вазири энержии Гурҷистон дар рақобат барои курсии шаҳрдори Тифлис пирӯз шуд.
Каха Каладзе, собиқ футболбози дастаи машҳури Милан ва собиқ вазири энержии Гурҷистон дар рақобат барои курсии шаҳрдори Тифлис пирӯз шуд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихоботи маҳаллии Гурҷистон, ки 21-уми октябр доир шуд, баҳои баланд додааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар сабқат барои курсии раиси шаҳрҳои Тифлис, Батуми, Поти ва Рустави номзадҳои ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" пешдастӣ доранд. Аз ҷумла, дар пойтахти Гурҷистон собиқ муҳофизатгари дастаи футболи Милан Каха Каладе бо беш аз 51 дарсади раъйҳо, пирӯз шуд.

Рӯзи якшанбе Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон эълон кард, ки дар шаҳри Тифлис номзади ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" Каха Каладзе пирӯз шуд ва мухолифин сабқатро бохтанд. Тамар Жвания, раиси Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон гуфт, Каха Каладзе 51,6 дарсад, Заал Удумашвилӣ 17,47 фоиз ва Александр Элисашвили 16,53 дарсади орои интихобкунандагонро аз худ карданд.

Каладзе собиқ футболбози дастаи машҳури "Милан" ва собиқ вазири энержии Гурҷистон аст. Ин сиёсатмадори 39-соларо собиқ сарвазири Гурҷистон ва муассиси ҳизби "Орзуи гурҷӣ" сармоядор Бидзина Иванишвили, ки бо лақаби "кардинали пасипардагӣ"-и саҳнаи сиёсии Гурҷистон ном баровардааст, пуштибонӣ мекард. Сарвазири Гурҷистон Георгий Квирикашвили Каладзеро бо пирӯзӣ табрик кард.

Баъди интихобот, мири ояндаи Тифлис Каха Каладзе ба тарафдоронаш муроҷиат намуд ва гуфт, "дар навбати аввал аз ҳар сокини Тифлис миннатдорам. Сипос аз онҳое, ки моро дастгирӣ кардаанд. Мо доимо дар хидмати шумо ҳастем."

Каладзе дар рақобат барои курсии мири шаҳри Тифлис Александр Элисашвили-номзади мухолифин ва Заал Удуманишвили-барандаи шинохтаи тиелевизиони Рустави-2-ро шикаст дод. Дар арафаи интихобот номзадҳои ноком нигаронӣ доштанд, ки аснои овоздиҳӣ, тақаллуб сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG