Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронӣ аз маҳдудшавии озодии баён ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА


Дар рӯзи дуюми нишасти САҲА дар Варшава, ки ба арзёбиҳои вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви ин созмон ихтисос ёфтааст, бархе фаъолони маданӣ аз поймолшавии ҳуқуқи башар, маҳдуд шудани озодии баён ва фишори дигарандешон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карданд. Рӯзи дуюми ҷаласа - 12 сентябр дар ҳошияи конфронси САҲА мизи гирде дар мавзӯи зиндониҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд, ки онро раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, журналист Темури Варқӣ, фаъоли сиёсӣ Алим Шерзамонов ва дигарҳо гардонандагӣ карданд.

Кабирӣ гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТро масъули ташкили ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода дар сентябри соли 2015 номид, вале ин далелҳо, ба гуфтааш дар додгоҳ исботи худро наёфт. Кабирӣ гуфт, ки сабти аудиоии ҷараёни мурофиаи пӯшидаи додгоҳии аъзои раёсати ҲНИТ, ки то июни соли 2016 идома дошт, ба дасти онҳо расидааст. Дар посух ба саволи муҳаққиқи Осиёи Марказии созмони Human Rights Watch Стив Свердлов дар бораи зиндониҳои сиёсӣ, Кабирӣ гуфт, "эҳтимолан шумори ҳамаи онҳое, ки барои фаъолиятҳои сиёсии худ дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, ба 200 нафар баробар шавад".

Кабирӣ инчунин гуфт, ки то кунун касе аз масъулини САҲА ба ҲНИТ барои мулоқоту музокирот муроҷиат накардаанд ва ӯ умедвор аст, ки ин созмон ба ҳарфи мақомоти тоҷик гӯш намедиҳад. Дар остонаи нишасти САҲА вебсайти расмии "Ховар" бо пахши матлабе аз номи расонаҳои интернетӣ ҳушдор дод, ки дар сурати ба ҷаласаи САҲА роҳ дода шудани аъзои мухолифин, ин созмон дар Душанбе баста мешавад.

Ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА, ки соли гузашта низ дар Варшава баргузор шуд, мавриди бойкоти мақомоти тоҷик қарор гирифт. Ҳайати Тоҷикистон гуфт, ки бо сабаби ба ҷаласа роҳ ёфтани мухолифони дар Тоҷикистон мамнӯъшуда ва баҳсҳои доғ ин нишастро тарк мекунад. Дар пай дар Тоҷикистон барномаҳои САҲА маҳдуд карда шуд. Тоҷикистон мегӯяд, ҲНИТ як созмони ифротӣ ва террористӣ аст, вале раҳбарияти ҲНИТ ҳамеша ин иттиҳомро рад карда гуфтааст, ки ҳукумат ошӯби Назарзодаро барои аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ин ҳизб истифода кард.

Ҷаласаи САҲА то 22 сентябр идома мекунад. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 11 сентябр баъди ширкати кӯтоҳмуддат дар ифтитоҳи ҷаласаи САҲА дар баррасиҳои дигар ҳозир нашуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG