Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули IRS: "Мо аз соҳибони ҷасад пул нагирифтем" ВИДЕО


Тайи ду ҳафтаи охир, дар пайи фаромадани тарма дар роҳи Душанбе – Хуҷанд ва марги 9 нафар, фаъолияти ширкати IRS – масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ – вирди забони матбуот ва сокинони Тоҷикистон шудааст. Ҳарчанд рӯзи 15 феврал ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ аз сар гирифта шуд, вале масъулони ширкат ҳушдор медиҳанд, ки ҳаракат дар ин масир ҳамчунон хатарзо боқӣ мемонад. Рӯзи 14 феврал боз чанд мошини дигар зери тарма монда буд. Дар сӯҳбат бо Далери Абдулло, намояндаи ширкати IRS, аз ӯ пурсидем, ки феълан вазъият дар ин ҷода чӣ гуна аст?

Навори видео инҷост:

Масъули IRS: "Мо аз соҳибони ҷасад пул нагирифтем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:48 0:00

Ман аз хешовандони Давлат Юнусов даъват мекунам, ки агар санади пардохти пулро дар даст дошта бошанд ва ё нафари пулгирифтаро мешиносанд, муроҷиат кунанд. Дар ин сурат мо ин кормандро ба таври сангин ҷазо медиҳем.

Далери Абдулло: “Мо аз қабл ба мавсими зимистони имсол омода будем ва миқдори зарурии воситаҳои фаннӣ ва маводи зидди лағзишро захира кардем. Вале шурӯъ аз охири моҳи январ дар минтақаҳои миёни километри 48 ва 73-юми роҳ ғайриинтизор тармафароии шадид мушоҳида шуд, ки дар натиҷа 9 нафар дар зери қабатҳои барф фавтиданд. Ҳарчанд яке аз вазифаҳои аслии мо таъмини амният дар ин роҳ дониста мешавад, вале ҳеҷ кас интизор набуд, ки чунин офати табиӣ пеш меояд. Бояд бигӯям, ки танҳо рӯзҳои 28 ва 29 январ дар ин минтақа ҳудуди 130 тарма фаромад, ки баландии қабати барфи бархе аз онҳо беш аз 15 метр буд. Мо барои чанд рӯз бо супориши мақомоти кишвар ҳаракат дар ин роҳро манъ карда ва баъд аз анҷоми корҳои барфтозакунӣ роҳро 1 феврал дубора боз кардем. Аммо дар рӯзҳои аввали моҳи ҷорӣ, дақиқтараш 2-6 феврал чунин офати табиӣ такрор шуданд. Танҳо рӯзи гузашта дар ин минтақа боз ҳудуди 35 тарма фаромад ва роҳ дубора баста шуд. Мутахассисони ширкати IRS дар ин рӯзҳо дар се баст ба таври шабонарӯзӣ кор карданд, то роҳи асосии иртиботӣ миёни шимол ва маркази Тоҷикистон боз шавад. Зимнан, бояд бигӯям, ширкат воситаҳои фаннии роҳтозакуние дорад, ки мислаш дар Тоҷикистон нест. Дар ин қитъаи роҳ 44 воситаи фаннӣ ба таври шабонарӯзӣ кор карда, рисолати аслии худро иҷро карданд.”

Далери Абдулло
Далери Абдулло

Радиои Озодӣ: Вале чаро ширкати IRS натавонист аз мушкили сокинони дар зери тармамонда пешгирӣ кунад ва роҳро қабл аз тармафароӣ бибандад?

Далери Абдулло: “Вазифаи ширкати IRS нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ аст. Ин роҳ дар минтақаи сахт осебпазир воқеъ мебошад. Ба ин хотир, мо ба ронандаҳо ҳушдор додем, ки барои муддате аз ҳаракат дар ин масир худдорӣ кунанд. Бо дарназардошти ҳушдорҳои Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мо дар ҳамаи нуқтаҳои пулгирӣ огоҳӣ насб кардем, ки хатари яхбандӣ ва тармафароӣ вуҷуд дорад. Аммо қисме аз ронандаҳо онро сарфи назар карда, хостанд, бо ҳар роҳе дар ин масир ҳаракат кунанд.”

Радиои Озодӣ: Магар имкон набуд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиётро барои муддате комилан манъ кунед?

Далери Абдулло: “То замоне ки хатари воқеӣ таҳдид намекард, мо чунин иқдом накардем, аммо баъд аз оғози тармафароӣ убури мошинҳо аз нуқтаҳои пулчиниро манъ кардем. Аз сӯи дигар, мақомоти Тоҷикистон ба хотири таъмини ҳаракати нақлиёт миёни минтақаҳои Тоҷикистон аз чунин иқдом худдорӣ карданд.”

Радиои Озодӣ: Бо ин вуҷуд дирӯз низ чанд мошин дар ин роҳ зери тарма монданд. Чаро ин ҳодиса рух дод?

Далери Абдулло: “Воқеан, хатари тармафароӣ то ҳол боқӣ мондааст. Дирӯз ҳам минтақаи зикршуда метавон гуфт, ки пурра зери тарма қарор дошта буд. Дар наҷоти ҳодисаи зикршуда саҳми кормандони IRS хеле бузург аст. Дар ин рӯзҳои тармафароӣ мо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамкории судмандеро роҳандозӣ кардем, аз ҷумла гурӯҳҳои наҷотбахши ин кумитаро дар пойгоҳҳои худ дар ин масир ҷойгир кардаем. Воситаҳои фаннии мо дар корҳои наҷотбахшӣ саҳми калидӣ доранд. Дирӯз ҳам дар ин минтақа то 40 тарма фаромад. Дирӯз беш аз 150 воситаи нақлиётӣ дар маҳаллаи аз километри 45 то 78 дар банди тармафароӣ монда буданд. Аммо, мутахассисони мо бо истифода аз воситаҳои фаннии ширкати IRS ин мошинҳоро ба минтақаҳои амн интиқол доданд.”

Радиои Озодӣ: Бештаре аз шунавандаҳо ва хонандагони Радиои Озодӣ низ ин саволро матраҳ мекунанд, ки чаро вазифаи ширкати IRS бояд танҳо бо пулчинӣ дар қитъаи Душанбе-Чаноқ маҳдуд шавад ва чаро дар ҷавоб таъмини амнияти ронандаҳо ва мусофирон ба дӯши ин ширкат нест?

Далери Абдулло: “Бо дарки масъулият метавонам бигӯям, ки изҳори норизоятӣ аз фаъолияти ширкати IRS ин назари он идда аз сокиноне аст, ки дар бораи фаъолияти ширкати мо иттилои кофӣ надоранд. Танҳо дар ду соли ахир дар ин роҳ мо 4 корхонаи тавлиди асфалт бунёд кардаем. Нигаҳдории роҳ заҳмату маблағи зиёде металабад, бахусус, ки дар пайи риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ бархе аз қисматҳои роҳ комилан хароб шуда буданд. Танҳо дар минтақаи Варзоб мо 14 километр роҳро комилан бозсозӣ кардаем. Чунин корҳоро дар минтақаҳои дигар низ бо фарорасии фасли гармо шурӯъ мекунем. Барои таъмини бехтарии ҳаракат дар роҳ ширкати IRS пойгоҳи қавӣ ва 171 воситаи фаннии беназирро дар ихтиёр дорад.”

Радиои Озодӣ: Рӯзҳои ахир мақомоти кишвар мегӯянд, ки дар ин масир миқдори зарурии монеаҳои зиддитармавӣ бунёд нашудаанд. Оё ширкати IRS метавонад минбаъд дар сохтмони чунин таъсисот саҳм бигирад?

Лаҳзае аз сӯҳбати Искандари Фирӯз бо Далери Абдулло
Лаҳзае аз сӯҳбати Искандари Фирӯз бо Далери Абдулло

Далери Абдулло: “Тибқи созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагии ширкати IRS мо танҳо ба нигоҳубини ин роҳ вазифадор ҳастем. Вале ин ба маънои он нест, ки мо дар масъалаи эҷоди чунин таъсисот бетафовут бошем. Дар оянда бо дарназардошти имконоти молӣ мо дар ин замина тасмимгирӣ хоҳем кард.”

Радиои Озодӣ: Дар рӯзҳои нахустини тармафароӣ Давлат Юнусов ном тоҷире дар ин роҳ зери тарма монда, ҷони худро аз даст дод. Хешовандонаш баъдан гуфтанд, ки ҳангоми интиқоли ҷасади вай ба шаҳри Душанбе масъулони нуқтаҳои пулчинии ширкати IRS аз онҳо пардохти роҳпулиро талаб кардаанд. Оё ин воқеият дорад?

Давлат Юнусов - яке аз 9 қурбонии тарма дар роҳи Душанбе - Хуҷанд
Давлат Юнусов - яке аз 9 қурбонии тарма дар роҳи Душанбе - Хуҷанд

Далери Абдулло: “Мо аз ин ҳодиса тавассути сомонаи Радиои Озодӣ огаҳӣ ёфтем. Нахуст гуфтаниам, ки аз фавти як ҳамватани мо дар ин ҳодиса андӯҳгинем. Аммо, дар пайи изҳори назари бародари Давлат Юнусов мо санҷиши вижае анҷом додаем ва натиҷаи он ҳокӣ аз он аст, ки чунин ҳодисае рух надодааст. Зеро, аз рӯзи нахустини фаъолияти ширкати IRS қоида дар мо ин аст, ки новобаста аз ҳолатҳои рухдода аз мошине, ки ҷасадеро интиқол медиҳад, маблағ гирифта намешавад. Ҳатто агар дар ин ҷода мошине бо садамаи андаке рӯбарӯ шавад, ин мошин низ аз пардохти роҳпулӣ озод аст. Ман аз хешовандони Давлат Юнусов даъват мекунам, ки агар санади пардохти пулро дар даст дошта бошанд ва ё нафари пулгирифтаро мешиносанд, муроҷиат кунанд. Дар ин сурат мо ин кормандро ба таври сангин ҷазо медиҳем.”

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG