Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдор аз тармафароӣ ва баста шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд


Ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ягона роҳи заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар пайванд медиҳад, муваққатан баста шудааст. Масъулони ширкати Innovative Road Solutions (IRS), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин тасмим баъд аз зуҳри 14 феврал ва дар пайи бориши шадиди барфу фаромадани тармаи зиёд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ бо такя ба маълумоти Маркази обу ҳавошиносии кишвар гуфтааст, аз 15 то 18 феврал "боридани барфу борони шадид ва дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар рехтани барфи тар дар назар аст." Ин кумита аз ронандагон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб худдорӣ кунанд ё аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гиранд, "чун эҳтимоли яхбандӣ ва хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад". Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинони оддӣ ҳам хостааст, ки дар ин рӯзҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва шикор ба кӯҳҳо нараванд. Тайи як моҳи охир дар пайи фаромадани тарма дар роҳи Душанбе - Хуҷанд, вилояти Бадахшон ва минтақаи Рашт 13 нафар ҷон бохтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG