Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои аз зери тарма зинда берун кашидани ҷавони тоҷик


Ба дасти Радиои Озодӣ як видеои нодире расид, ки лаҳзаи ҳаяҷонангези наҷоти як ҷавони тоҷикро аз зери тарма нишон медиҳад. Видеоро як корбари Радиои Озодӣ аз тариқи Вотсапп ба мо фиристод ва онро ронандаи таксие аз минтақаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб бардоштааст. Дар ин видео дида мешавад, ки гурӯҳе аз мардум саъй доранд, аз сӯрохии танге аз зери барф ҷавонеро берун кашанд.

Навори видео инҷост:

Видеои аз зери тарма зинда берун кашидани ҷавони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Зоҳиран тарма дар инҷо мошинеро зери барф кардааст ва мардуми дар таҳлука афтода аз ҷавони зери тарма мехоҳанд, берун ояд. Дар ниҳоят аз дохили сӯрохӣ ҷавони беҳоле сарашро берун мекунад ва мегӯяд, бинобар печидан дар камарбанди мошин наметавонад худро халос кунад. Дар ин зимн яке аз афроди онҷо буда, мегӯяд, ки дар дохили мошин занон ҳам ҳастанд.

Корбаре, ки ин видеоро ба Радиои Озодӣ фиристод, гуфт, ки ҷавон беосеб аз дохили мошин ва аз зери тарма берун кашида шудааст ва ҳеҷ яке аз 4 мусофири мошин ҳалок нашудаанд. Санаи дақиқи ин ҳодиса маълум нест, вале видеоро ғолибан дар се рӯзи гузашта ба навор гирифтаанд, чун дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва аз ҷумла дар минтақаи Ҳушёрӣ резиши даҳҳо тарма мушоҳида шуда ва 5 нафар ҳам то кунун дар ин роҳ дар зери тарма ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG