Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи иқтисоди Тоҷикистон аз назари Сандуқи Байналмилалии Пул


Падамҷа Хандевал

Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) пас аз арзёбии вазъи феълӣ ва дурнамои иқтисоди Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукуматро мебояд, барои барқарор кардани боварӣ ба бонкҳои "бемор"-и кишвар чораҳои бештар биандешад.

Пас аз соли 2014 иқтисоди Тоҷикистон аз таконҳои хориҷӣ осеб дид, эътимод ба иқтисодро коҳиш дод, осебпазирии иқтисод, аз ҷумла низоми молиро зиёд кард.

Ҳайати ин муассисаи байналмилалии молӣ бо нашри баёнияи расмӣ рӯзи 29-уми май гуфт, "барои барқарории эътимоди амонатгузорон ба низоми бонкӣ зарур аст, чораҳои қотеона андешида шавад. Гурӯҳи Сандуқи Байналмилалии Пул аз тадбирҳои андешидаи ахир барои беҳтар кардани назорату сарпарастии бонкҳо, мудирияти табодули асъор ва хатари қарзҳои бонкҳо истиқбол мекунад".

Айни замон коршиносони бонк аз наандешидани чораҳои қатъӣ дар робита ба мушкилоти ду бонки бузург, зоҳиран "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", монеи ислоҳоти дуруст дар ин самт мешавад. Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул бо раҳбарии Падамҷа Хандевал аз рӯзи 14-ум то рӯзи 23-юми май дар шаҳри Душанбе буд ва бо мақомоти Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва мушкилоти мавҷуд дар бонку дигар соҳаҳои иқтисодро баррасӣ карданд.

Дар баёнияи бонк омадааст, "пас аз соли 2014 иқтисоди Тоҷикистон аз таконҳои хориҷӣ осеб дид, эътимод ба иқтисодро коҳиш дод, осебпазирии иқтисод, аз ҷумла низоми молиро зиёд кард."

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул

​Ба гуфтаи ҳайат, соли гузашта қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ коҳиш ёфт, вале ҳоло ба эътидол меояд. "Ба истиснои ду бонки гирифтор, қарзҳои батаъхирафтодаи бонкҳо аз 24.4 дарсади соли 2016 то ба 19.5 дарсад дар охири моҳи марти соли 2018 кам шуд."

Мушкили бонкҳои Тоҷикистон соли 2016 шурӯъ шуд ва пас аз коҳиши воридоти пули фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале ҳарду бонк ҳанӯз ҳам дар хидматрасонӣ ба мизоҷонашон мушкил доранд.

Сандуқи Байналмилалии Пул дар бораи дурнамои вазъи молии Тоҷикистон гуфтааст, ки бинобар қарзи зиёди давлат барои иҷрои тарҳҳои азим, зоҳиран нерӯгоҳи Роғун, мудирияти қарзҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон мушкил мешавад. Коршиносони бонк гуфтаанд, сарфаҷӯӣ дар тарҳҳои камавлавият мумкин аст, фишор ба давлат барои бозгардондани қарзҳоро камтар кунад.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳоло ба марзи 3 миллиард доллар наздик шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG