Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусиҳо бо мушаки дурпарвоз ба Исроил ҳамла карданд


Ҳусиҳои Яман
Ҳусиҳои Яман

Ҳусиҳои Яман субҳи рӯзи 15-уми сентябр ба Исроил бо мушаки “замин ба замин” ҳамла кардаанд.

Ҳусиҳо иддао карданд, ки бо ин мушак ба маркази муҳими низомии Исроил ҳамла карданд ва системаи ҳифзи осмони ин кишвар, "Гунбади оҳанин" натавонист роҳи мушаки онҳоро бигирад.

Мақомоти Исроил гуфтанд, ки ин мушакро раҳгирӣ карданд ва пораҳои он дар наздикии фурудгоҳи Тел-Авив афтодааст ва касе зарар надидааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сухтор дар пайи ин ҳамла нашр шудааст.

Ҳусиҳо гуфтанд, ки ин танҳо оғози ҳамлаи онҳо ба Исроил буда, "ҳамлаи бузургтар" дар пеш аст.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, ба ҳусиҳо бояд дарс дод, ки барои ҳамла ба хоки ин кишвар бояд чӣ баҳоеро пардозанд.

Ҳусиҳои Яаман охири соли гузашта эълон карданд, ки барои дифоъ аз мардуми Ғазза ба Исроил ҳамла мекунанд. Ин гурӯҳ мегӯяд, то замоне, ки Исроил ҷангро дар Ғазза поён надиҳад, онҳо ҳамлаҳояшонро идома медиҳанд.

Моҳи июн ин гурӯҳ ба Тел-Авив бо дрон ҳамла кард, ки дар натиҷаи он як нафар кушта шуд.

Ҳусиҳо як гурӯҳи мусаллаҳе ҳастанд, ки бо пуштибонии Эрон қисми зиёди Яманро зери назорат доранд.

XS
SM
MD
LG