Вазорати фарҳанги Узбекистон дар ин бора хабар дод.
Манбаъ гуфтааст, Ҳамдамов дар соли 1940 дар шаҳри Чорҷӯи Туркманистон ба дунё омада, дар рушди ҳунари овозонӣ дар Узбекистон саҳми муҳим гузошт.
Ӯро пайрави овозхони маъруф Комилҷон Отаниёзов номбар кардаанд.
Дар замони раёсати Ислом Каримов, раҳбари пешина ва худкомаи Узбекистон, дар рӯйхати шахсони “номақбул” буд.
Бобомурод Ҳамдамов дар Тоҷикистон низ шуҳрат дошт ва чанд таронаи тоҷикиро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.
Дар як паёми ҳамдардӣ ба хешу пайвандон ва шогирдону ҳамкасбони Бобомурод Ҳамдамов, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравии пешин Ҷӯрабек Муродов ӯро аз дӯстони худ номида, ба хислатҳои инсониияш баҳои баланд додааст.