Ӯро ба барангехтани кинаву адоват дар Интернет гунаҳкор донистаанд.
Худаш иттиҳомро напазируфт.
Усмон Баротовро баъди як навиштааш дар бораи гарон шудани арзиши тухми мурғ дар Русия дастгир карданд.
Вай моҳи декабри соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмеро бо навиштаи "Хурӯсҳоро аз ҷабҳа баргардонед!" гузошта буд.
Блогерони рӯ ба Кремл ба ин навишта таваҷҷуҳ ва ҷанҷолеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ карданд. Баъд аз он Баротов боздошт ва бар зидди ӯ парванда боз шуд.