Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги панҷ нафар аз арақи худсохт дар Эрон. САДО


Истеъмоли "машруботи спиртии дастсоз" дар минтақаи Сирҷон дар вилояти Кирмони Эрон, боис ба марги панҷ нафар ва бистарӣ шудани даҳҳо тани дигар шуд. Дар ҳоли ҳозир вазъи се нафари онҳо вазнин азрёбӣ мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
Линки мустақим

Бар асоси гузориши хабаргузории ИЛНА, дар пайи истеъмоли машруботи спиртии "дастсоз" дар ин минтақа, 114 нафар заҳролуд шудаанд. Ин афрод аз асри рӯзи 20-уми июл то рӯзи 21-уми июл, ба марказҳои тиббии Сирҷон, муроҷиат кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ИСНА хабар дод, ки 30 нафар аз афроди заҳролудшуда, дар ҳоли "диалез" ҳастанд ва 48 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд ва ҳоли се нафари онҳо "вахим" аст.

Як мақоми Созмони пизиши конунии Эрон гуфтааст, ки дар он кишвар 23 корхонаи тавлиди машруботи спиртӣ, вуҷуд дорад.

Ядуллоҳ Муваҳҳид, раиси Додситонии кулли Кирмон эълом кардааст, ки ин парванда бидуни навбат, баррасӣ. Ба гуфтаи оқои Муваҳҳид, тибқи таҳқиқоти нерӯҳои интизомӣ, ронандаи як мошини борбар ду зарфи 20-литрии машруботи "дастсоз"-ро аз Исфаҳон таҳия ва дар Сирҷон тақсим кардааст.

Истеъмоли нушиданиҳои спиртии ғайристандартӣ ва қочоқӣ, борҳо дар Эрон сабаби марг ва ё аз даст додани биноии шуморе аз истеъмолкунандагони он дар шаҳрҳои Эрон шудааст. Аз ҷумла чаҳор сол қабл, беш аз 350 нафар дар чанд шаҳри мухталифи вилояти Кирмон, аз ҷумла Рафсанҷон бинобар нӯшидани машруботи спиртии тақаллубӣ, заҳролуд шуданд ва ҳафт нафар низ ҷон бохтанд.

Соли гузашта як мақоми Созмони пизишкии қонунии Эрон дар ҳамоише дар мавзъи "Сӯиистеъмол ва гирифторӣ ба алкол" гуфта буд, ки бар асоси парвандаҳои фиристодашуда ба ин созмон, дар солҳои 2009-2013 солона ба тартиб 145 нафар, 93 нафар, 136 нафар, 135 нафар ва 81 нафар бинобар истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, ҷони худро аз даст додаанд.

Муҳаммадризо Қадирзода ҳамчунин гуфта буд, ки "маҷмӯъ гардиши молӣ ва харид ва фурӯши машруботи спиртӣ дар кишвар 658 миллион туман аст ва 23 корхонаи тавлиди машруботи спиртӣ дар кишвар вуҷуд дорад."

Дар бораи мизони дақиқи истеъмоли нӯшиданиҳои спиртӣ дар Эрон, омори дақиқе дар даст нест ва борҳо аз сӯи масъулони мухталиф оморҳои гуногун дар ин замина эълон шудааст. Аз ҷумла Алиакбар Сайёрӣ, муовини яке аз раёсатҳои вазорати тандурустии Эрон аз истеъмоли 420 миллион литр машруботи спиртӣ дар он кишвар хабар дода буд. Бархе гузоришҳо аммо аз истеъмоли солона ҳудуди 60 миллион литр нӯшиданиҳои спиртӣ дар Эрон хабар медиҳанд.

Дар ҳамин замина, Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ, додстони Теҳрон соли гузашта эълом карда буд, ки дар муддати даҳ моҳ наздик ба 300 ҳазор қуттии машруби хориҷӣ ва ҳудуди 200 ҳазор литр машруби сохти дохил, дар Теҳрон кашф шудааст. Қосим Хуршедӣ, сухангӯи Ситоди мубориза бо қочоқи коло ва арз, низ соли гузашта гуфта буд, ки муддати як сол як миллиону 427 ҳазор қуттӣ машруботи спиртӣ, кашф шудааст.

Муҷозоти истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дар Эрон 80 зарба шаллоқ аст ва пас аз ду бор иҷро шудани ин ҳад, дигарбора истеъмол кардани машруботи спиртӣ, метавонад сабаби эъдом шавад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG