Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори ҷиддии вазорат ба падару модарон дар Тоҷикистон


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз волидон дар кишвар хостааст, ба фарзандони то 20-солаи худ иҷоза надиҳанд ки шабона ба марказҳои дилхушӣ бираванд, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар муроҷиатномаи расмӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар рӯзномаи “Қонун ва ҷомеа”, нашрияи расмии вазорат нашр шуд, омадааст, “Аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳузури фарзандони то 20-соларо дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ (тарабхонаву интернеткафеҳо ва идораҳои букмейкерӣ) тибқи банди 9 қисми 1 моддаи 8-и Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" манъ намоянд.”

Дар сурати иҷро накардани талаботи ин қонун ба гуфтаи вазорат, волидоне, ки фарзандонашон боздошт мешаванд, дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Дар Тоҷикистон барои риоят накардани ин қонун падару модарро ҷарима мекунанд.

Боздошти гурӯҳе аз ҷавонон дар марказҳои компютерӣ. Акс аз вазорат
Боздошти гурӯҳе аз ҷавонон дар марказҳои компютерӣ. Акс аз вазорат

Ба гуфтаи вазорати умури дохилӣ, санҷишҳо нишон медиҳанд, баъзе ноболиғон ва танҳо дар Душанбе то 100 нафар шабона ба ин гуна муассисаҳо рафта ва ду аз назари волидайн, ба “кирдори номатлуб” даст мезананд.

Ҳушдори мақомот ба думболи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз рафтори ҷавонону наврасон садо дод. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мақомот ва фаъолон дар Душанбе дар рӯзи 15-уми феврал аз “равандҳои ташвишовар” ба мисли ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон сухан гуфт ва афзуд, ки ин раванд “диққати махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва аҳли ҷомеаро талаб мекунад.”

Раҳмон дар нишасти рӯзи 15-уми феврал ахлоқи ҷавононро ҳам танқид кард.
Раҳмон дар нишасти рӯзи 15-уми феврал ахлоқи ҷавононро ҳам танқид кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар бораи “беҳуда гузаронидани вақт дар марказҳои компютерӣ сӯҳбат кард ва гуфт, ки “санҷишҳои мақомот дар марказҳои дилхушӣ, интернет-кафеҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нишон медиҳанд, ки дар 5 соли охир қариб 14 000 нафар ноболиғон бо беҳудагардӣ ва дигар корҳои бефоида машғуланд.”

Баъд аз ин суханронии раиси ҷумҳур вазорати умурпи дохилии Тоҷикистон амалиётеро ба номи “Тартибот” дар Душанбе ба роҳ андохт ва ба гуфтаи генерал Фотеҳ Қунғуротзода, сардори раёсати умури дохилии шаҳр танҳо дар ноҳияи Шоҳмансур маъмурони милиса 82 ҳолати нақзи қонунро сабт кардаанд.

Фотеҳ Қунғуротзода гуфтааст, аз ин ҳолатҳо “23-тои он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ ва ё кашидани носу сигорро ташкил дода ва 25 ҳолати дигар вобаста ба масъулияти падару модар будааст ва ин волидон барои “беэътиноӣ дар тарбияи фарзанд” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Айни замон баъзе аз соҳибони марказҳои букмейкерӣ рӯзи 26-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки бо дастури мақомоти интизомӣ ва Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе фаъолияти худро қатъ карданд.

Ба гуфтаи корманди яке аз ин марказҳо, мақомот “риоят нашудани меъёрҳои сӯхторро баҳона пеш овардаанд”, вале яке аз кормандони интизомӣ худаш эътироф кардааст, ки сабаб иҷрои фармудаҳои раиси ҷумҳур барои пешгирӣ аз “беҳудагардиву бадахлоқии ҷавонон аст”.

Аз ин пештар нозирони вазорати корҳои дохилӣ ба соҳибони марказҳои компютерӣ, букмейкерӣ ва интернет-кафеҳо ҳушдор дода буданд, ноболиғонро ба коргоҳҳои худ роҳ надиҳанд. Дар пойтхати Тоҷикистон наздик ба 2 ҳазор марказҳои компютерӣ, букмейкерӣ ва интернеткафеҳо фаъолият мекунанд ва аксари муштариёнашон ҷавонону наврасон ҳастанд.

Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, яке аз қонунҳои баҳсбарангезест, ки моҳи июли соли 2011 қабул шудааст ва то кунун бар асоси он ҳазорон волидайнро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ҷарима кардаанд.

Аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ он замон мегуфтанд, ки ин қонун мухолиф ба Конститутсия аст, зеро озодиҳои шаҳрвандиро маҳдуд мекунад. Дигар ин ки ҷавонону наврасон ҳам ба истиснои марказҳои дилхушӣ ҷойи дигаре барои вақтгузаронӣ надоранд.

Агар муассисаҳои тафреҳӣ ҳам вуҷуд дошта бошанд, гарон аст ва на ҳамаи волидон имкон доранд, фарзандонашонро ба ин муассисаҳо бифристанд. Дигар омил ба гуфтаи онҳо, сатҳи пасти таълим дар мактабу донишгоҳҳо аст ва дониши бачаҳо ба гуфтаи худи мақомот ба меъёрҳои муқарраршуда дар худи кишвар мувофиқат намекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG