Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатои ҷомеа ва баъзе роҳбаронро нишон медод." 85 соли Убайдуллои Раҷаб

Убайдуллои Раҷаб
Убайдуллои Раҷаб

Агар умр вафо мекард, рӯзи 20-уми март Убайдуллои Раҷаб, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, 85-сола мешуд. Ӯ соли 2021 дар замони пандемияи коронавирус даргузашт.

"Дар иҷрои нақшҳои ҷиддӣ ва фоҷиавӣ ҳам маҳорат дошт"

Абуалӣ Муродзода
Абуалӣ Муродзода

Ба нақли дӯстону ҳамкасбон, яке аз вижагиҳои Убайдуллои Раҷаб ҳамин буда, ки ӯ мушкили рӯзро ба намоиш мегузошт. "Бе ҳадаф дар ягон саҳна баромад намекард. Кӯшиш мекард, бо ҳаҷв хатоҳои ҷомеа, инсонҳо ва баъзе роҳбарҳоро пешниҳод кунад. Ва боз ҳамин тавр баён мекард, ки таҳқир нашавад. Ин тарзи ифода хеле мушкил аст," – гуфт Абуалӣ Муродзода, раиси театри "Ойина".

Убайдуллои Раҷаб корро дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сар кардаву ҳоло аз аксҳои девори ин толор ба тамошобин менигарад. Ортиқи Қодир, ҳунарманди тоҷик, мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон Убайдуллои Раҷабро бештар чун ҳаҷвнигор мешиносад, "аммо ӯ дар иҷрои нақшҳои ҷиддӣ, фоҷиавӣ ҳам маҳорати баланд дошт".

Ортиқи Қодир
Ортиқи Қодир

"Ба мисли занбӯри асал дар байни мардум мегашт ва хислатҳоро меомӯхт. Ба ҳар рафтору кирдори одамон бо таваҷҷӯҳи хос менигарист ва барои ҳамин ҳам ин саҳнаҳо ба дили мардум бисёр наздик буд. Ба кори худ сарсарӣ муносибат намекард. Нақшҳоро бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд иҷро мекард. Ба симои қаҳрамонаш, либос ва ороиш, ба ҳамаи ҷузъиёт, таваҷҷӯҳи махсус медод. Кам ҳунармандоне ҳастанд, ки ин қадар масъулиятшиносу фидоии касбу кори худ бошанд,” – афзуд ӯ.

“Шоҳи ҳаҷви тоҷик”

Коргардон Ҳалими Сангин қариб 50 сол бо Убайдуллои Раҷаб якҷо кор кардааст. Аз ӯ чун “шоҳи ҳаҷви тоҷик” ном мебарад.

Ҳалими Сангин
Ҳалими Сангин

Ӯ афзуд: “Бо ин ҳунарманд вақти сабт роҳат мекунед. Ягон каҷу килеби дигар надошт. Аз ҳама муҳим бадоҳатан суханҳои хуб мегуфт. Дар тамоми саҳнаҳо имправизатсия ҳаст, одамро ҷалб мекунад. Ҳунари худододӣ ва модарзодӣ ҳаст. Ӯ ҳам худодод буд, ҳам модарзод. Ӯ дар ҳақиқат шоҳи ҳаҷви тоҷик буд.”

Ба нақли наздикону ҳамкасбонаш, бузургтарин орзуи Убайдуллои Раҷаб таъсиси театри ҳаҷвӣ буд ва соли 1991 якҷо бо Саидмуроди Мардон ва Ортиқи Қодир театри "Ойина"-ро таъсис дод. Абуалӣ Муродзода аз рӯзҳои аввал ба онҳо пайваст. Мегӯяд, ҳарчанд Убайдуллои Раҷаб дар саҳнаи театр сабаби хандаи садҳо нафар мешуд, берун аз саҳна бисёр ҷиддӣ ва серталаб буд.

"Сарзаниш мекард, то ислоҳ шавем"

Абуалӣ Муродзода гуфт: “Агар ягон хато мекардам, ҳатман беҷазо намемонданд. Ҳарчанд мо дӯст будем, ҳамеша якҷо будем, дар вақти кор ба касе раҳм надошт. Барои ислоҳи мо сарзаниш мекард. Ҳамаи мо хафа мешудем, аммо баъд мефаҳмидем, ки агар ҳоло ин хаторо ислоҳ накунем, пагоҳ дер мешавад.”

Убайдуллои Раҷаб дар иҷрои нақши Бобои Ғаффор. Акс аз филми "Муҷассамаи ишқ"
Убайдуллои Раҷаб дар иҷрои нақши Бобои Ғаффор. Акс аз филми "Муҷассамаи ишқ"

Убайдуллои Раҷаб дар чандин филм ҳам нақш иҷро кардааст. Яке аз онҳо "Муҷассами ишқ" аст. Ин филм дар замоне сабт шудааст, ки ӯ раиси Кумитаи телевизион ва радио буд. Барои нақши Бобои Ғаффор бояд риш медошт, аммо мегӯянд, мақомот барои ришаш ба ӯ эрод гирифтаанд, чун раҳбари як муассисаи давлатӣ буд.

Ба гуфтаи наздикон, дар замони раҳбарӣ ҳам кӯшиш мекард аз саҳна дур набошад, ҳарчанд дигар мисли пеш фаъол набуд.

Манзили ӯ осорхонаро мемонад. Ҳамсару фарзандон мехоҳанд дар оянда дар инҷо хона-музейи Убайдулло Раҷабро таъсис диҳанд. Ба нақли ҳамсари ҳунарманд, онҳо солҳои дароз азоби бехонагӣ кашида, зиндагии миёнаҳол доштанд.

"Ягон гапи бад гуфта наметавонам"

Хосият Раҷабова
Хосият Раҷабова

Хосият Раҷабова, ҳамсари Убайдуллои Раҷаб гуфт: “Мо 8 сол дар як анҷомхона дар "Автовокзал" зиндагӣ кардаем. Ҳама бачаҳо касалӣ шуданд. Мо 53 сол зиндагӣ кардем. Дар ҳамон шароити вазнин ҳам шабу рӯз кор мекарданд, ба радио мерафтанд, дубляж ва боз ба тӯй мерафтанд. Дар театр ҳама корро мекарданд, ки фарзандон гушнаву луч намонанд. Ман дар бораи он кас ягон гапи бад гуфта наметавонам."

Аз 4 фарзанд як писараш роҳи падарро интихоб кардааст. Аммо он ҳам на бо хосту машварати ӯ. Шаҳзод Раҷабов, писари Убайдуллои Раҷаб, мегӯяд, “розӣ набуданд. Аз синфи даҳумӣ мепурсиданд, кӣ мешавӣ? Мегуфтам актёр. Мегуфтанд, охир, пули зиёд кор намекунӣ, бой намешавӣ. Баъд ба гурӯҳи "Ғарибшо-компания" рафта, корро сар кардам. Ҳар чизе дар саҳна ё телевизион медиданд, маслиҳат медоданд.”

Шаҳзод Раҷабов
Шаҳзод Раҷабов

Ҳарчанд ҳамкасбону шогирдон ба кори Убайдуллои Раҷаб баҳои баланд медиҳанд, ҳамсараш мегӯяд, худаш бештар ба нақшҳояш назари танқидӣ дошт. “Ягон вақт аз нақшҳои бозидаашон розӣ набуданд. Доим худашонро танқид карда, камбудиҳояшонро меёфтанд,” – гуфт ӯ.

Убайдуллои Раҷаб соли 2021 дар замони пандемияи коронавирус ё бемории ҳамагир даргузашт. Аз худ мактабу театр ва даҳҳо филму саҳнаҳои диданӣ ба мерос монд. Ҳоло наздикон ва ҳамкасбонаш мехоҳанд, барои театри "Ойина"-и ӯ, ки дар ҳоли ҳозир дар таҳхонаи "Амфитеатр"-и Душанбе ҷойгир аст, бинои алоҳидае бунёд шавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Агар умр вафо мекард, имрӯз ҳаҷвнигори маҳбуб Убайдуллои Раҷаб 85-сола мешуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:55 0:00
XS
SM
MD
LG