Маъмурияти низомии вилояти Сумӣ гуфт, мардум дар шаҳрҳои Сумӣ, Конотоп, Окҳтирка ва чанд минтақаи дигар аз барқ маҳруманд.
Иҷрокунандаи вазифаи мири шаҳри Сумӣ гуфт, дар ҳамлаи шабонарӯзи охир талафоти ҷонӣ нест, “аммо фишори об якбора поин рафт ва интиқоли нерӯи барқ мушкил шуд”.
Мақомоти Сумӣ ду ҳафта пеш рӯйхати минтақаҳоеро, ки сокинонаш бояд бикӯчанд, дароз карданд. Ин тасмим дар пасманзари ҳамлаҳои Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо гирифта шуд.
Сухангӯи як воҳиди низомии Украина ба Радиои Озодӣ гуфт, Русия бо тирборони шадид ба иншооти энержӣ дар Сумӣ зоҳиран мехоҳад қасоси ҳамлаи Украинаро ба вилояти Курск биситонад.