Низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки рӯзи 29-уми сентябр ба ҳадафҳои шӯришиёни ҳусӣ дар шаҳри бандарии Ҳудайдаи Яман зарба заданд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шӯришиёни ҳусии Яманро ба мисли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" террористӣ медонад.
Дэвид Авраҳам, сухангӯйи артиши Исроил, гуфт, дар ҳамлаи рӯзи якшанбе ба Яман "даҳҳо ҳавопаймо, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ, сӯхтрасон ва иктишофӣ истифода шуд".
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамлаҳо як нерӯгоҳи барқи таҳти назорати шӯришиёни ҳусӣ ва як бандари баҳрӣ, ки барои воридоти нафт истифода мешуд, мавриди ҳамла қарор гирифт.
Ҳусиҳои Яман дар ҳафтаҳои охир дар посух ба ҳамлаҳои густурдаи Исроил ба ҳадафҳои "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон бо истифода аз мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Исроил ҳамла карданд.