Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ чӣ қадар аст?


Имсол аз Тоҷикистон 6300 тан ба зиёрати Каъба хоҳанд рафт. Аммо то кунун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар дар пайи боло рафтани қурби доллар маълум накардааст, нархи "роҳхат" ба Хонаи Худо чӣ қадар меистад?

Масъулони Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таcдиқ карданд, ки имсол квота барои Ҳаҷ бетағйир мондааст ва аммо аз ифшои қимати сафар ба Каъба ва чӣ гуна сарф шудани он худдорӣ карданд. Аммо як сокини ноҳияи Ашт, ки имсол нияти сафари Ҳаҷро дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот аз онҳо хостаанд, ки ҳуҷҷатҳояшонро супурда, аз 22 то 23 ҳазор сомонӣ омода кунанд.

Як корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ низ бидуни ифшои ному насабаш гуфт, бино ба боло рафтани қурби доллар дар баробари сомонӣ шояд зоирон барои сафари Ҳаҷ имсол 23- 24 ҳазор сомонӣ, муодили 3800 доллари амрикоӣ, пардохт кунанд. Қимати сафари ҳаҷ соли гузашта 18 ҳазору 165 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Зимнан, имсол шаҳрвандони то 35-солаи Тоҷикистон аз зиёрати Каъба маҳрум хоҳанд монд - ба иттилои расмӣ, тасмими манъи сафари Ҳаҷ барои ин афрод "ба хотири эҳтироми бузургсолоне гирифта шудааст, ки синнашон алакай ба ҷое расидааст ва тавону орзуи адои зиёрати Хонаи Худоро доранд".

Дар ҳамин ҳол, Идораи мусалмонҳои Қирғизистон эълом дошт, ки имсол 3685 шаҳрванди ин кишвар ба зиёрати Каъба мушарраф хоҳанд шуд. Ин ягона муфтиёт дар Осиёи Марказӣ аст, ки на фақат маблағи сафари Ҳаҷро эълон кард, балки ба кадом ҳадафҳо сарф шудани онро низ шарҳ дод. Бино ба иттиллои ин ниҳод, зоирон имсол барои анҷоми Ҳаҷҷи Акбар бояд 2550 доллар (зимнан, пойинтарин нарх дар минтақа) пардохт кунанд ва аз ин маблағ, аз ҷумла, 1500 доллар барои ҳавопаймо, 280 доллар барои нақлиёт ҳангоми будубош дар қаламрави Арабистони Саудӣ, 50 доллар барои меҳмонсаро, 100 доллар барои ғизохӯрӣ, 50 доллар барои хароҷоти пешгӯинашаванда сарф мешаванд.

Ҳамчунин, ҳар зоир барои корҳои ташкили Ҳаҷ - 70 доллар ва барои раҳбари ситоди Ҳаҷ 40 доллар пардохт мекунад. Ҳоҷиёни оянда барои роҳбаладҳо 50-долларӣ, барои иҳром 20-долларӣ ва барои бимаи тиббӣ 20-долларӣ месупоранд. Ба ин пул 150 доллар ҳамчун хайрот ва 130 доллар ба фоидаи муфтиёти Қирғизистон изофа мешавад. Ҳамчунин аз ин "пирог" идораҳои вилоятии муфтиёт ҳам маблағеро соҳиб мешаванд.

Коршиносони қирғиз ҳадс мезананд, ки аз маблағи умумии беш аз 9 миллион доллар шояд тақрибан 1,5 миллионаш дар ҷайби масъулини ташкили маъракаи Ҳаҷҷ монад – ба гуфтаи онҳо, чӣ гуна сарф шудани тақрибан 553 ҳазор доллар барои хайрот, 480 ҳазор доллар барои масрафҳои муфтиёт, 185 ҳазор доллар барои хароҷоти пешгӯинашаванда ва тақрибан 258 ҳазор доллар барои ташкили Ҳаҷҷ маълум нест... Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, муовини муфтӣ ва раиси ситоди ташкили Ҳаҷҷ-2015 Замир Роқиев иттиҳомеро, ки гӯё як бахши маблағи зоирон ба ҷайби мансабдорони воломақом меравад, рад карда ва аммо дар ташреҳи он ки маблағҳои иловагии Ҳаҷҷ чӣ гуна ва барои барои чӣ сарф мешаванд, оҷиз мондааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

НАРХИ САФАРИ ҲАҶ КАЙ ПОИН МЕРАВАД?

Муфтиёти Тоҷикистон бо фарқ аз ҳамин гуна ниҳод дар Қирғизистон ба умри Ҳаҷ дахлу рабте надорад. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Шӯрои уламо аз ин масъулият хориҷ аст - мувофиқи қарори ҳукумат бақайдгирии зоирон ва гуселу пешвози ҳоҷиҳо, умуман умури Ҳаҷ, бар ӯҳдаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣвогузор шудааст”.

Муҳибуллои Қурбон, рӯзноманигори тоҷик, ки чанд сол боз масоили Ҳаҷро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, аслан дар ӯҳдаи ин кумита боқӣ мондани масоили Ҳаҷ ба салоҳи кор нест ва беҳтар мебуд, агар як ширкати давлатӣ оид ба масоили Ҳаҷ таъсис мешуд, ки ҳам ба Ҳаҷи Акбар ва ҳам Ҳаҷи Умра машғул мешуд. Аз нигоҳи ӯ, таъсиси ин гуна ширкати давлатӣ шояд боиси поин рафтани қиммати сафари Ҳаҷҷ ҳам шавад, зеро “дар Кумитаи дин мутахассисоне нестанд, ки рафта меҳмонсароҳои беҳтару арзонтарро интихоб кунанд”. Аслан, ба гуфтаи рӯзноманигор, баъди ба интиқоли зоирони тоҷик шурӯъ кардани ҳавопаймоҳои Арабистони саъудӣ ҳам бояд қимати сафари Ҳаҷҷ кам шавад, зеро аз ин пеш масъулин сабаби боло будани қимати сафари Каъбаро бо бидуни мусофир ба Тоҷикистон баргаштани ҳавопаймоҳои ширкатҳои дохилӣ рабт медоданд.

Муҳибуллои Қурбон
Муҳибуллои Қурбон

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Муҳибулло Қурбон, сарфи маблағҳои Ҳаҷҷи зоирони тоҷик ҳам чун дар Қирғизистон бояд шаффоф сурат бигирад – то ҳол боре ҳам масъулини Ҳаҷҷ чӣ гуна истифодаи шудани маблағи воридшударо ташреҳ накардаанд ва ин ҳадсу гумонҳо дар бораи фасодро ба миён овардааст. Мусоҳиби мо мегӯяд, "мардуми тоҷик назар ба дигар мардуми минтақа мазҳабитаранд ва аз ин рӯ барои ҳарчӣ зудтар адо кардани қарзи худ – Ҳаҷҷи Акбар талош мекунанд ва барои ин омдаанд, ки ришват диҳанд. Ҳатто фатвое, ки бо ришват Ҳаҷҷ рафтан ҳаром аст, садди роҳи ришвадиҳиву ришватситонӣ нашудааст".

Зимнан, ду моҳ пеш Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон як сармутахассиси Кумитаи динро барои аз шаҳрванд А. бар изофаи 3 700 доллари харҷи сафари Ҳаҷ боз 2 ҳазор доллар ришва талаб намуданаш боздошт кард. Ҳоло бар пояи бандҳои 32, қисми 3, 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикстон алайҳи ӯ парванда боз шуда, тафтишоти қазия идома дорад. Бархе аз сокинон мегӯянд, то кунун расман эълон нашудани қимати сафари Ҳаҷ онҳоро нигарон сохтааст. Ба қавли мусоҳибони мо, бояд ин кор шаффоф сурат гирад ва мақомот аз ҳоло нархҳоро ошкор кунанд.

ҲОҶӢ-БАДАЛ БОЗ ҲАМ ЛАҒВ ШУД

Масъулини дин дар Узбакистон ҳам аз ироаи иттилоъ дар бораи маблағи Ҳаҷҷ ва чӣ гуна масраф шудани он сарпечӣ мекунанд. Қарор аст, ки имсол 5,2 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар ба тавофи Каъба муваффақ шаванд.

Ҳамасола Арабистони Саудӣ барои Узбакистон то 25 ҳазор квота барои адои Ҳаҷҷ муқаррар мекунад ва аммо Тошканд фақат ба каме бештар аз 5 ҳазор нафар иҷозаи сафар ба Хонаи Худоро медиҳад, дар натиҷа дар баъзе аз манотиқ, аз ҷумла, дар водии Фарғона, навбати тулонии довталабони сафари Ҳаҷҷ барои чанд соли оянда ба амал омадааст. Бар пояи хабарҳо, соли гузашта баъзеҳо розӣ буданд, ки “роҳхат” ба Каъбаро бо пардохти 3-5 ҳазор доллар ба даст оваранд.

Дар ҳамин ҳол Идораи мусалмонҳои Узбакистон эълом дошт, ки имсол ҳам шаҳрвандони Узбакистон имкони истифода аз Ҳаҷҷ-бадалро нахоҳанд ёфт. Ҳаҷҷ-бадал – адои Ҳаҷҷ аз сӯи як мусалмон ба ҷойи мусалмонест, ки бар асари маризӣ ё далели дигар имкони тавофи Каъбаро надорад. Гуфта мешавад, ки Ҳаҷҷ-бадалро асосан сокинони Макка анҷом медиҳанд ва маблағи ин хадамот 200-250 доллар аст.

Соли гузашта вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ эълом дошт, ки бино ба бозсозии Масҷиди асосии шаҳри Макка хадамоти ҳаҷҷ-бадал маҳдуд карда мешавад. Ба гуфтаи муфтии Узбакистон Усмон Ҳалимов, ҳамасола тақрибан чаҳор ҳазор аз зоирони узбак аз хадамоти ҳаҷҷ-бадал истифода мекарданд. яъне, чаҳор ҳазор шаҳрванди Арабистони Саъудӣ ҳам ба сафи зойирон ҳамроҳ мешуданд ва рафтуоро мушкилтар мекарданд.

Зимнан, ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Туркманистон ва Қазоқистон ҳам аз квотаи ҷудокардаи Арабистони Саъудӣ барои адои Ҳаҷҷи Акбар истифода намебаранд. Дар ҳоле, ки Туркманистон ҳаққи фиристодани 5 ҳазор зоирро дорад, ҳар сол фақат 188 нафар ба тавофи Каъба мушарраф мешаванд. Вале ҳама хароҷоти сафари онҳоро давлати Туркманистон бар дӯш дорад. Қазоқистон дар мавсими Ҳаҷҷ ҳаққи фиристодани даҳ ҳазор шаҳрвандаш ба Хонаи Худоро дорад, аммо Остона мегӯяд, ки сафари чаҳор ҳазор нафар кофист. Масъулини дини Қазоқистон иқрор мекунанд, ки барои ин ҳатто мавриди сарзаниши мақомоти Арабистони Саъудӣ қарор гирифтаанд...

XS
SM
MD
LG