Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт кушта ва беш аз 30 захмӣ дар ҳамлаи Русия ба як гӯшаи Украина


Волнянск
Волнянск

Бар асари ҳамлаи Русия ба шаҳри Волнянск, дар ҷануби Запорожйеи Украина, 7 кас кушта ва зиёда аз 30 нафар захмӣ шудаанд. Ҳамла рӯзи 29-уми июн сурат гирифт.

Волии Запорожйе, Иван Федоров, гуфт, ду кушташуда ва ҳашт захмӣ кӯдак ҳастанд.

Аз ин пеш, 28-уми июн, дар пайи ҳамлаҳои Русия чаҳор ошёнаи як бинои истиқоматӣ дар Днепр вайрон шуд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хитоб ба ҳампаймонҳои Киев гуфт, кишвараш ба низомҳои дифои ҳавоии бештар ниёз дорад. “Роҳҳои аз байн бурдани терроризми ҳаррӯзаи Русия вуҷуд доранд. Терроризме, ки аз он шаҳрҳо ва ҷомеаи Украина азоб мекашанд,” – афзуд ӯ.

Ситоди кулли нерӯҳои Украина мегӯяд, набардҳо дар минтақаи Покровски вилояти шарқии Донетск идома дорад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфт, чаҳор корманди ин ниҳод бар асари тирпарронии Украина дар Донетск захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG