Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" ба тарафи Телавив мушак партофтааст


Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки Амрико созмони террористӣ медонад, рӯзи 25-уми сентябр ба тарафи Исроил даҳҳо мушак сар додааст. Аз ҷумла, ба шаҳри Телавив.

Сухангӯйи артиши Исроил гуфт, дар пайи бонги хатар дар гӯшаҳои Телавив "як мушаки замин ба замин дар ҳоли убур аз Лубнон шиносоӣ ва раҳгирӣ шуд".

Дар бораи талафот ва зарари расида маълумот нест.

"Ҳизбуллоҳ" гуфт, бо як мушаки дурпарвози "Қодир 1" қароргоҳи "Моссад", идораи истихборотии Исроилро нишон гирифт.

Намояндагони ин гурӯҳи зери ҳимояти Эрон идораи истихборотии Исроилро дар куштори фармондеҳони аршад, таркиши пейҷерҳо ва дастгоҳҳои дигари мухобиротӣ муттаҳам мекунанд. Таркиши пейҷерҳо сабаби марги даҳҳо нафар ва захмӣ шудани ҳазорҳо узви "Ҳизбуллоҳ" гашт.

Мавҷи ҳамлаҳои Исроил дар рӯзҳои 23-24-уми сентябр дастикам 560 нафарро дар Лубнон кушта ва ҳазорон нафарро ба тарки хонаҳояшон маҷбур кардааст.

XS
SM
MD
LG