Пайвандҳои дастрасӣ

Назар: Қатли Ҳалимов поёни ДИИШ аст


Гулмурод Ҳалимов полковники ВКД ва фармондеҳи ОМОН буд, вале соли 2015 ба ДИИШ пайваст

Як сиёсатшиноси рус мегӯяд, қатли “вазири ҷанги” ДИИШ Гулмурод Ҳалимов аз ҷониби Русия аз назари сиёсиву низомӣ муҳим аст. Максим Сучков, сардабири сафҳаи русии вебсайти “Al-Monitor” мегӯяд, ҳарчанд то имрӯз на ҳама бозигарон дар Ховари Миёна қатли Ҳалимовро расман таъид кардаанд, чанд манбаъ ба дурустии ин хабар пофишорӣ дорад. Ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон дурустии ин хабарро расман тасдиқ намекунанд.

Аз ҷумла, баъди пахши хабари қатли Гулмурод Ҳалимов ва 40 ҷангии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар амалиёти Дайр аз-Зур рӯзи 8 сентябр, як манбаъ

Зинда будани афроди мисли Ҳалимов ба маънои ҳамоно пойбарҷо будани гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа мебошад

дар ҳукумати Эрон ба нашрияи “Коммерсант” шеваи анҷоми ин амалиётро фош кардааст. Аз ҷумла, ин манбаъ гуфтааст, ки макони таҷаммӯи ҷангиён дар Сурия бо ҳавопаймоҳои бомбафкани Су-34 ва Су-35С ва бо истифода аз бомбаҳои замнишикофи навъи BETAB-500 мавриди ҳадаф қарор дода шуд. Ин бомба, ба гуфтаи манбаъҳои “Коммерсант”, як қароргоҳи зеризаминии ҷангиёни ДИИШ ва як маркази коммуникатсионии онҳоро ҳамроҳ бо 40 ҷангиаш нобуд кард.

Сучков мегӯяд, ин ҳодиса барои Русия маъноҳои зиёд дорад.

Ҳалимов дар гузашта фармондеҳи ОМОН-и ВКД-и Тоҷикистон буд ва дар машқҳои вижаи зиддитеррористие, ки бо маблағгузории Департаменти давлатӣ ташкил шудааст, иштирок дошт. Ӯ дар нирӯҳои интизомии Тоҷикистон то мартабаи полковник баланд шуд ва ба мақоми фармондеҳи ОМОН расид.

Абӯбакри Бағдодиро раҳбари ДИИШ меноманд
Абӯбакри Бағдодиро раҳбари ДИИШ меноманд

Вақте соли 2015 ошкор шуд, ки Ҳалимов дар сафи ДИИШ аст, ин хабар такондиҳанда шуд, мегӯяд коршиноси рус. То он замон ҳеҷ як низомии баландрутбаи нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои пасошӯравӣ ихтиёран ба сафи ДИИШ напайваста буд. Базудӣ Ҳалимов як узви Шӯрои шариати гурӯҳи “Давлати исломӣ” шуд. Августи соли 2016 ИМА барои ошкор кардани макони будубоши Ҳалимов, ки як раҳбари ДИИШ арзёбӣ мешуд, 3 миллион доллар подош ваъда кард. Ин эълон ба маънои “гарон будани қимати ҳадаф” барои Маскаву Вашингтон буд, менависад таҳлилгари рус.

Аз назари сиёсӣ амалиёти ахири Русия дар Сурия дасти кам се пайғоме дорад, ки хеле муҳиманд, мегӯяд Максим Сучков.

Аввал ин ки бо вуҷуди манфиатҳои мухталифи низомиёни Русия ва Эрон дар Сурия, хадамоти иттилооти ин кишварҳо бо ҳам додугирифт доштанд. Як хабарнигори рус бидуни бурдани номаш гуфтааст, ки “ин амалиёт нишон дод, ки Русияву Эрон гурӯҳҳои мухталифи мухолифони Сурияро бо як чашм намебинанд, вале вақте зидди ДИИШ меҷанганд, натиҷаи хуб ба бор меорад”.

Дигар ин ки баъди бомбаборони фармондеҳони ДИИШ, гузоришҳои расман тасдиқношуда расид, ки дар ин амалиёт Маскав як бомбаи навро

Русияву ИМА бояд камтар дар бораи рақобат андешанду талош кунанд ин ҷангро то охир расонанд. Вагарна шонси дубора пирӯз шудани ДИИШ кам нест

санҷидааст. Ин бомбаи пурқуввати ҳавоӣ “Падари бомбаҳо” аст, ки барои нобуд кардани бункерҳои зеризаминиву дигар маконҳои душворрас ба кор бурда мешавад. Мутахассисони низомӣ мегӯянд, ки ин бомба баробар бо GBU-43/B (Massive Ordnance Air Blast) – бомбаи 11-тоннагии сохти амрикоӣ аст, ки онро “Модари бомбаҳо” меноманд ва моҳи апрели соли ҷорӣ дар Афғонистон истифода шуд. Таҳлилгар мегӯяд, агар Русия воқеан ҳам бомбаи нави худро партофта нирӯи онро санҷида бошад, пас тавонмандиҳои фанниву таслеҳотии худро дар муқобили Ғарб ба намоиш гузоштааст. Пайғом ин аст, ки нирӯи мо дар минтақа баробар мебошад.

Ва ниҳоят, пайғоми сеюм ин аст, ки миёни ду ҷониб як навъ рақобате барои намоиши нирӯ дар амри аз байн бурдани ДИИШ ҷараён дорад. Моҳи июн Маскав иддао кард, ки раҳбари ДИИШ Абӯбакри Бағдодиро нобуд кард, вале баъдан ИМА ин иддаоро беасос хонд. Моҳи июл Пентагон гуфт, ки раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ”-и Хуросонӣ ё Абу Сайидро нобуд кардааст, ки дар самти Афғонистон кор мекард. Ҳоло Маскав иддао мекунад, ки як фармондеҳи баландпояи ДИИШ-ро куштааст. “Агар ин ҳамаро чун як рақобати байни ИМА ва Русия як сӯ гузорем, муҳим ин мешавад, ки кор иҷро шудааст”.

Максим Сучков менависад, ки ба рақобати миёни ду кишвар расонаҳо ва афкори умум ҳам ҳамроҳ мешаванд. Ба ҳар сурат, мегӯяд муаллифи матлаб, зинда будани афроди мисли Ҳалимов ба маънои ҳамоно пойбарҷо будани гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа мебошад. Ҳамоно афроди зиёде дар қаламрави Авроосоиёву Ховари Миёна ва ҳатто дар миёни низомиёни касбӣ ҳавохоҳи ифротиҳову ширкат дар ҷангҳо мебошанд. Дар миёни ҷавонҳои бетаҷрибаи узви ДИИШ фармондеҳони мактабдида аз нуфузи хосе бархӯрдоранд. Дар сурати аз байн бурдани Ҳалимов ва раҳбарони дигар, эҳсосоти ифротгароёни дигар поин меравад.

Вале дар ин шароит, мегӯяд таҳлилгари рус, Русияву ИМА бояд камтар дар бораи рақобат андешанду талош кунанд ин ҷангро то охир расонанд. Вагарна шонси дубора пирӯз шудани ДИИШ кам нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG