Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо ё бе евро? Рӯзи интихоби мушкили Юнон


Аз чап ба рост: Сарвазир Антонис Самарис, раҳбари эътилофи тарафдорони Аврупо Ставрос Теодоракис ва раҳбари Сириза Алексис Сирпас
Аз чап ба рост: Сарвазир Антонис Самарис, раҳбари эътилофи тарафдорони Аврупо Ставрос Теодоракис ва раҳбари Сириза Алексис Сирпас

Интихоботи рӯзи 25 январи порлумонии Юнон ҳам барои таъини ояндаи ин кишвар ва ҳам барои ояндаи минтақаи евро як маъракаи сарнавиштсоз шумурда мешавад.

Рӯзи 25 январ аҳолии дорои раъй дар Юнон дар интихоботе ширкат ҷустанд, ки мумкин аст ҳизби Сиризаро бар сари ҳокимият орад. Ин ҳизб бо барномаҳои наҷоти молии Юнон мухолиф аст ва чунин сиёсат метавонад кишварро бо кӯмаккунандагони байналмилалӣ дар мухолифат қарор диҳад.

Дар Юнон 9 миллиону 800 ҳазор аҳолии қобили раъй ба сар мебарад ва натиҷаҳои раъйдиҳӣ барои боқӣ мондани Юнон дар қаламрави истифодаи пули евро аҳамияти зиёд дорад. Имкони пирӯзии Сириза дар ин интихобот нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки мумкин аст, Юнон дигар пардохти қарзҳои худро идома надиҳад ва аз қаламрави евро хориҷ шавад.

Назархоҳиҳои ахир, ки дар остонаи интихобот анҷом гирифт, нишон медиҳад, ки ҳизби тундрави чапгарои Сириза ба раҳбарии Алексис Тсирпас нисбат ба рақиби аслии худ, яъне аз Ҳизби нави демократии нахуствазири кунунӣ Антонис Самарас 4 дарсад пештар аст.

Тсирпас мехоҳад, дар бораи 318 миллиард евро қарзи Юнон музокироти нав анҷом диҳад. Вай рӯзи 23 январ ба раъйдиҳандагон гуфт, юнониҳо бо хотима додан ба тадбирҳои комилан номардумии наҷоти молӣ “ифтихор”-и худро барқарор мекунанд. Ин тадбирҳои наҷоти молӣ бо қарзҳои молии байналмилалӣ иртибот дорад.

Бекорӣ дар ин кишвар ҳоло ба 25 дарсад расидааст ва иқтисоди он аз замони оғози бӯҳрон дар қаламрави евро ақиб рафтааст. Нахуствазир Антонис Самарас ҳушдор дод, ки агар Сириза ба пирузӣ расад, хатарнок хоҳад буд, зеро тадбирҳои наҷоти молӣ ба додани натиҷаҳои хуб шурӯъ кардаанд. Иқтисоди Юнон дар шаш соли ахир бори аввал соли гузашта натиҷаҳои хуб ба даст овард.

Самарас гуфт, ки “Сириза ҳамаи Аврупоро бар зидди Юнон бармехезонад.”

Натиҷаҳои интихобот ҳоло маълум нест ва касе гуфта наметавонад, ки оё ҳизби Сириза дар сурати пирӯзӣ метавонад шумори зарурии курсиҳоро дар порлумон ба даст биорад ва худаш мустақилона ҳукумат ташкил диҳад ва ё бо ҳизбҳои хурду реза барои ташкили эътилоф музокира хоҳад кард?

Ангела Меркел – садри аъзами Олмон, ки дар паси барномаҳои наҷоти молии Иттиҳодияи Аврупо барои Юнон қарор дорад, рӯзи 23 январ гуфт, “бо вуҷуди мушкилиҳо вай мехоҳад, ки Юнон бахше аз таърихи Иттиҳодияи Аврупо боқӣ бимонад.”

XS
SM
MD
LG