Баъд аз интихоботи рӯзи 6 май ягон ҳизб ба дарёфти раъйҳои зарурӣ ва ташкили ҳукумат ё ҳукумати эътилофӣ муваффақ нашуд. Ҳизби чапгарои Сириза, ки рақиби аслии ҳизби муҳофизакори Демократияи нав маҳсуб мешавад, баъд аз дарёфти раъйҳои бештар ваъдаи лағви қарордодеро кард, ки бар пояи он Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул дар баҳои сарфаи буҷа ба Юнони дар бӯҳрони молӣ ғутида 130 миллиард евро қарз медиҳанд. Ин ваъда бӯҳронро дар Юнон амиқтар кард.
Ҳанӯз маълум нест, ки дар интихоботи такрорӣ аҳзоби сиёсии Юнон ба таъсиси ҳукумати эътилофӣ муваффақ мешаанд ё на. Ва аммо, аз нигоҳи иқтисоддонҳо, агар дар интихобот ҳизби Сириза пирӯз шавад, бесомониҳо дар бозори Аврупо ногузир хоҳад буд.
Ба гуфтаи Зколт Дарвас, иқтисодшиноси маркази Брейгел, агар дар Юнон ҳукумате таъсис шавад, ки қарордоди Афинаву Иттҳодияи Аврупоро лағв кунад ва кишварҳои шомил ба “минтақаи евро” додани қарз ба Юнонро қатъ кунанд, охири моҳи июн хазинаи Юнон холӣ мешавад ва ба ин, билохира, бо хуруҷи кишвар аз минтақаи евро поён хоҳад ёфт.
Аз нигоҳи иқтисоддон, хуруҷ аз “минтақаи евро”барои Юнон дарди сари ҷиддӣ эҷод хоҳад кард. Дарвас мегӯяд, бахши молиявӣ фурӯ хоҳад рехт, иқтисод ба бӯҳрони ҷиддитар мувоҷеҳ хоҳад шуд, сатҳи бекорӣ боло хоҳад рафт ва буҷа аз фойида маҳрум хоҳад монд, зеро ба асари мушкили иқтисодӣ касе андоз нахоҳад супурд.
Коршиносон ба он нукта ишора мекунанд, ки аз ҳоло сокинони Юнон маблағҳояшонро ба бонкҳои дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Швейсария интиқол медиҳанд ё онҳоро дар манзилҳояшон нигаҳ медорад.
Тайи чаҳор сол – аз соли 2007 то соли 2011 иқтисоди Юнон 13 дар сад пойин рафт ва, бар пояи пешгӯии иқтисоддонҳо, дар соли аввали хурӯҷ аз “минтақаи евро” пойинрафти иқтисод 40-50 дар садро ташкил хоҳад дод.
Ҳамчунин иқтисоддонҳо таъкид мекунанд, ки хурӯҷи Юнон аз “минтақаи евро” барои дигар кишварҳои аврупоӣ бетаъсир нахоҳад монд. Аз он, қабл аз ҳама, системи бонкии Фаронса зарар хоҳад дод, ки дар бахшҳои юнонияшон маблағе бузурге нигаҳ дошта мешавад. Аз сӯи дигар, ба думболи Юнон суқут кардани иқтисоди кишварҳое чун Испания ва Италия ҳам аз эҳтимол дур нест. Бархе иқтисоддонҳо ҳадс мезананд, ки бар асари вазъи сангини молиявӣ шояд боз ду кишвар -Португалия ва Ирландия ҳам ба тарки «минтақаи евро»маҷбур шаванд.
Хурӯҷи Юнон аз минтақаи евро, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, боиси пойин рафтани қурби евро ва боло рафтани қурби доллар хоҳад шуд, вале ин гумон аст боиси хушҳолии Вошингтон шавад – болоравии қурбии доллар рақобатпазирии иқтисоди Амрикоро коҳиш медиҳад ва барои идомаи эҳёи он мушкил эҷод мекунад. Ҳамзамон қиммати тилло дар бозори ҷаҳонӣ дубора боло хоҳад рафт. Чинзия Алчидӣ, коршиноси маркази Аврупоии таҳқиқоти стратегӣ мегӯяд, ки қимати тилло маҳз баъд аз шурӯи бӯҳрони молиявии соли 2007 боло рафт. Ва ин, ба гуфтаи коршинос, баёнгари он аст, ки дар ҳама давру замон, ба вижа, замони бӯҳронҳо тилло сармояи амну беҳтарин боқӣ мемонад.