Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии бонкҳо ба пешомадҳо дар Юнон


Қудратҳои иқтисодии ҷаҳон худро барои хуруҷи эҳтимолии Юнон аз ҳавзаи евро омода мекунанд. Мақомоти расмии Гурӯҳи 20, ки кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушди ҷаҳон аъзои онанд, гуфтаанд, ки бонкҳои марказиашон омодаанд, дар сурати зарурат ба бонкҳо кӯмаки молӣ кунанд, то онҳо пули кофӣ барои қарз додан дошта бошанд. Дар Аврупо ҳам барои ҷилавгирӣ аз талотум дар бозорҳои молӣ омодагӣ медидаанд. Аксарият бим доранд, ки дар сурати дар интихоботи рӯзи якшанбе пирӯз шудани ҳизби тундрави SYRIZA ва ба ҳукумат расидани он, Юнон аз сарфаҷӯӣ ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ даст мекашад. Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтаанд, агар чунин шавад, ба Юнон кӯмаки молӣ намекунанд, ки ин метавонад, Юнонро варшикаста ва аз ҳавзаи евро берун кунад.
XS
SM
MD
LG