Дар нома омадааст, ҳамаи саҳифаҳое баста мешаванд, ки макони фаъолияташон Русия нишон дода шудааст. Ин маънои онро дорад, ки даромад гирифтан ба воситаи ин гуна саҳифаҳо номумкин мегардад.
"Берун шудани AdSense аз Русия на танҳо ба блогерони YouTube таъсир хоҳад дошт," -- менависад CNews. Ин сомона илова кардааст, ки ҳамаи соҳибони торнамоҳои русӣ низ аз даромад маҳрум хоҳанд шуд, ки аз шабакаи AdSense фоида мегирифтанд.
Ба далели ҷанги Русия дар Украина тими YouTube дар баҳори соли 2022 даромад гирифтанро барои корбаронаш дар Русия комилан манъ карда буд. Аммо AdSense то кунун ба блогерони русӣ иҷоза медод, ки аз ҷо додани таблиғот даромад ҳосил кунанд.