Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз усулҳои нави фишор ба матбуот, аз ҷумла дар Тоҷикистон


Раҳбароне, ки дар фикри тамаркузи қудрат ҳастанд, роҳҳои нави фишороварӣ ба матбуотро пайдо мекунанд, мегӯяд созмони ҳомии ҳуқуқ Freedom House (Хонаи Озодӣ). Фаъолон мегӯянд, Тоҷикистон истисно нест.

Созмони Freedom House дар гузориши нави худ, ки 5 июн нашр шуд, ҳушдор медиҳад, ки чунин тамоюли нав ҳам дар ҷомеаҳои демократӣ ва ҳам кишварҳои худкома мушоҳида мешавад.

Гузорише бо номи “Озодӣ ва матбуот дар соли 2019”, муаллифаш созмони Freedom House мегӯяд, ки дар бархе ҷомеаҳое, ки арзишҳои демократиаш чандон устувор нестанд, раҳбарони худкома бо истифода аз василаҳои моливу ҳуқуқии гуногун садои журналистонро хомӯш карда матбуоти ба худ дӯсту наздикро пуштибонӣ мекунанд.

“Давоми чанд соли гузашта аз ҷониби раҳбарони мухолифи озодӣ дар ҷомеаҳое бо демократияҳои заъфпазир василаҳои нави назорат ва фишор болои матбуот ба хотири тақвияти ҳузурашон дар қудрат ба кор бурда мешаванд”, омадааст дар гузориш.

Соли 2016. Орбан Вучичро истиқбол мекунад
Соли 2016. Орбан Вучичро истиқбол мекунад

Венгрияву Сербистон: андозу гумрук зидди матбуот

Дар кишвари аврупоии Венгрия нахуствазир Виктор Орбан ва ҳизбаш назорат аз болои матбуотро чунон шадид кардааст, ки дар ин кишвар як воқеияти дигаре ба вуҷуд омадааст ва паёмҳои ҳукумат ва хабарҳои расмӣ гоҳо дар зиддият бо ҳам қарор доранд.

Дар Сербия ё Сербистон ҳам президент Александр Вучич аз Орбан пайравӣ мекунад ва дар баробари назорат аз болои матбуот инчунин фазои азияти ҳамарӯзаи журналистон ҳукмфармо шудааст.

Гузориши созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ки ҳукуматҳои Орбан ва Вучич дар фишор болои журналистони мунаққиди ҳукумат ва боло рафтани мавқеи популистон хеле муваффақ шудаанд. Василаҳои наве, ки муҳаққиқони Freedom House дар бораашон мегӯянд, дигар мисли гузаштаҳо аз сензураву таҳдиди ҳамлаҳои воқеӣ иборат нестанд. Ба навиштаи муҳаққиқони созмон, журналистони Сербистон мавриди ҳамлаву таҳқир ва таҳдиди сиёсатмадорон ва ҳам нашрияҳои рӯ ба ҳукумат қарор мегиранд. Ҳукумати Сербистон ҳамчунин бо истифода аз мақомоти андоз нашрияву расонаҳоро азият мекунанд.

Соли 2017 ҳафтаномаи Vrjanske Novine ҳамарӯза аз ҳукумат меҳмонҳои нохондае дошт. Ин меҳмонҳо ба мусоҳибаи нашрия бо як мақоми собиқи идораи андоз рабт доштанд. Дар ниҳоят, нашрия гуфт, ки бо сабаби зиёд будани фишор фаъолияташро хотима медиҳад.

Соли 2018 вебсайти хабарии Juzne Vesti, ки бо нашри матолиби интиқодӣ маъруф аст, мавриди таҳқиқи панҷмоҳаи мақомоти андоз қарор гирифт. Дар паи як маъракаи хусусигардонии ахир дар Сербистон, чандин муассиса ба дасти матбуоте гузашт, ки бо ҳизби ҳокими Прогрессивии Сербистон рабт доранд.

Нишондоди ҳарду кишвар – ҳам Венгрия ва ҳам Сербистон дар гузориши озодиҳои ҷаҳонӣ поин рафта, аз гурӯҳи “кишварҳои озод” ба “кишварҳои қисман озод” шомил шуданд.

Ба навиштаи муҳаққиқони вазъи матбуот дар Freedom House, ҳукуматҳои худкома саркӯби матбуоти мустақилро ба хотири тарси ошкор шудани иштибоҳу каҷравиҳои мақомоту ҳукуматҳо идома медиҳанд.

Русия, Покистон, Беларус - матбуоти интернетӣ таҳти назорат аст

Мақомот дар Русия соли 2018 баъди он ки муассиси паёмрасони маъруф Telegram нахост ба онҳо калиди рамзҳои ин барномаро бидиҳад, талош карданд дастрасӣ ба паёмрасонро масдуд кунанд.

Дар Покистон, ки озодии матбуот шадидан маҳдуд шудааст, мақомот дар фикри қабули қонуне ҳастанд, ки хабарнигорон ва матбуоти интернетиро ба гирифтани литсензия ё муҷаввиз (парвона) маҷбур мекунад.

Дар Беларус дар паи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуот декабри соли 2018, матбуоти интернетӣ ҳам ба қатори матбуоти суннатӣ ворид карда шуд. Дар паи ин тасмим, чанд пойгоҳи интернетӣ, ки аз озодии нисбӣ бархурдор буданд, масдуд шуданд.

Баҳсҳои Доналд Трамп бо матбуот эътимоди ҷомеаро ба матбуот коҳиш дод

Freedom House мегӯяд, нигаронии хеле ҷиддии ин созмон дар солҳои охир ба фишори ғайримуқаррарӣ болои матбуот дар ИМА рабт мегирад.

Дар гузориш гуфта мешавад, дар ҳоле, ки қонун ҳамаҷониба фаъолияти озоди матбуотро пуштибонӣ мекунад, даъвоҳои доимии президент Доналд Трамп бо расонаҳову журналистон кам намешавад ва боиси халалдор шудани эътимоди ҷомеа ба матбуот шудааст.

Freedom House асосан аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мешавад.

Ба навиштаи муҳаққиқони созмон, дар бархе кишварҳо эътимод ба матбуот хеле поин аст. “Дар ИМА аз нисф ками ҷомеа ба матбуот эътимод доранд. Дар Итолиё ва Бритониё – тахминан 30 дарсад ва дар Русияву Туркия - 25 дарсад аст”.

Freedom House менависад, ки журналистон дар саросари ҷаҳон то рафт камтар ба ин андеша бовар мекунанд, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқи бунёдии онҳо Вашингтон ба кӯмаки онҳо меояд.

Тоҷикистон дар гузориш ёд нашуд, вале мушкилоти матбуоташ то рафт бештар мешавад

Гузориши нави Freedom House Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор надодааст, вале ин ба он маъно нест, ки матбуоти ин кишвар мушкиле надорад, мегӯянд ҳомиёни озодии баён дар ин кишвар. Дар гузориши солонаи ин созмон, ки моҳи феврали имсол нашр шуд, Тоҷикистон ба сабаби беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар байни “бадтарини бадтаринҳо” қарор гирифт.

Нозирони озодии баён дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам маҳаллӣ аз поинравии нишондодҳои озодии баён дар Тоҷикистон зиёд дар солҳои охир интиқод мекунанд.

Тоҷикистон, ки чанд соли охир дар шохиси созмони Гузоришгарони бидуни марз дар миёни кишварҳои “ноозод” қарор мегирад, бо сабаби сензураи матбуоти интернетӣ, фишор болои журналистон, баста шудани расонаҳо ва тарки кишвар кардани хабарнигорон аз миёни 180 кишвар дар мақоми 161-ум ҷой гирифтааст. Дар як соли охир нишондодҳои ин кишвар 12 зина поин фаромадааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 5 июн гуфт, дар кишвар шароите эҷод шудааст, ки “худи соҳибрасонаҳо даст ба сензура мезананд”. Ӯ дар шарҳи ин мавқеаш гуфт, раҳбарони расонаҳо “ба хотири таъмини тиҷорати худ даст ба сензура мезананд. Яъне барои кам кардани фишор аз амнияту андоз даст ба ин кор мезананд. Инчунин, рӯз то рӯз роҳҳои фишор болои журналистон нав мешавад. Абзорҳои ғайримаъмулиро истифода мекунанд. Аз ҷумла, аз фишор болои хешу ақрабо ва наздикони журналистоне, ки назари дигар доранд ваё бинобар фишор берун аз кишвар рафтаанд”.

Дар чунин шароит, ба гуфтаи Қаршибоев, журналистон ҳам аз пӯшиши масоили доғ ваё таҳқиқотӣ худдорӣ мекунанд, чунки, ба гуфтаи ин ҳомии озоди баён, “мебинанд, ки талошҳои онҳо гӯё муассир нест”. Ӯ ба унвони намуна таҳқиқоти журналистии Ёқуби Ҳалимро мисол овард, ки дар паи омӯзишҳои чандинмоҳа гузорише дар бораи тиҷорати сохтмони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нашр кард. Ба гуфтаи Қаршибоев, даст ба тиҷорат ва бизнести хусусӣ задани як мақомдори давлатӣ манъ аст, вале мақомот ба гузориши журналист ҳеҷ вокунише нишон надоданд. Ба гуфати Қаршибоев, мақомот ба маводҳои таҳлилию танқиди беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

Freedom House: Намунаҳои рушди озодиҳо дар Малайзияву Эквадор

Айни замон, гузориш аз намунаҳои афзоиши озодиҳои матбуотӣ ва пешрафтҳои демократии бархе кишварҳои дигар ситоиш кардаанд. Чунин тамоюл дар Малайзия ва Эквадор мушоҳида шудааст, ки дар баробари пешрафтҳои сиёсӣ, матбуот ҳам аз сензура раҳо мешавад. Дар Эфиопияву Гамбия матбуот ва журналистоне, ки аз хориҷа кор мекарданд, тавонистанд ва ватан баргарданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG