Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҳазорон нафар ба зидди "қонуни ғуломӣ" дар Маҷористон. ВИДЕО


Тазоҳурот чанд шаб аст, ки дар Будапешт идома дорад

Чанд шаб аст, ки ҳазорон нафар дар шаҳри Будапешт раҳпаймоӣ мекунанд. Онҳо аз амалкардҳои ҳукумат хашмгин ҳастанд ва мегӯянд, ки ҳуқуқи коргарон, озодии матбуот ва истиқлоли додгоҳӣ дар Маҷористон зери хатар аст.

Тазоҳургарон рӯзи 17-уми декабр хостанд, телевизион шикоятҳои онҳоро нашр кунад ва ду намояндаи худ аз ҳисоби вакилони мухолифи давлатро ба телевизиони давлатӣ фиристоданд.

Аммо Бернадет Зел, яке аз ин вакилон мегӯяд, ки онҳоро латукӯб карда аз телевизион ронданд.

"Мо инҷо омадем, то панҷ талаби худро дар телевизиони миллӣ хонем. Аммо ҳоло вазъ ба ҷое расидааст, ки вакилонро бемористон мебаранд. Онҳоро рӯи фарш афтонда ва латукуб карданд" гуфт, ӯ.

Эътирозгарони маҷористонӣ "қонуни ғуломӣ"-ро қабул надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Тазоҳурот рӯзи 12-уми декабр ва баъди он шуруъ шуд, ки порлумон бо қабули қонуни нав 6 рӯзи кориро ҳатмӣ кард. Тазоҳургарон онро қонуни ғуломӣ номидаанд. Бар асоси ин қонун кордиҳанда метавонад аз коргар кори изофӣ талаб кунад ва пулашро солҳо баъд бидиҳад. Қонуни дигаре, ки мардуми Маҷористонро асабонӣ кард, иҷоза медиҳад, вазири адлия додрасҳоро таъйин кунад.

Теъдоди тазоҳургарон рӯз ба рӯз афзуд ва рӯзи 16-уми декабр аз 15 ҳазор нафар гузашт. Раҳпаймоӣ дар дигар шаҳрҳо ҳам сурат гирифт, вале бузургтаринаш дар Будапешт буд.

"Ман мехоҳам дар кишвари демократӣ зиндагӣ кунам. Ман мехоҳам дар кишваре зиндагӣ кунам худам озодона тасмим бигирам, на ин ки қарорҳоро бе огаҳии ман қабул кунанд", яке аз тазоҳургарон.

Нахуствазир Виктор Орбан аз соли 2010 боз дар ҳукумат аст. Ӯ мегӯяд, қонунҳои нав барои аз байн бурдани норасоии нерӯи корӣ ва беҳтар шудани низоми додгоҳӣ заруранд.

Ҳизби ФИДЕЗ-и у мегӯяд, тазоҳурот кори дасти Ҷорҷ Сорос, миллиардери маҷортабори амрикоӣ аст. Тазоҳургарон ин иддаоро ба масхара кашиданд ва худи Бунёди Сорос иддаои Виктор Орбанро беасос номид.

XS
SM
MD
LG