Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз матбуот хост, ба "хусумати беохир" хотима диҳанд


Доналд Трамп, президенти ИМА аз матбуот даъват кард, ки «хусумати беохир»-и худро хотима диҳанд. Президент ин ҳарфҳоро баъди он ба забон овард, ки чанд маводи машкуки тарканда ба унвонии роҳбарони Ҳизи демократ ва дигар шахсони баландпояи амрикоӣ, ки аз сиёсатҳои Қасри Сафед танқид мекарданд, ирсол шуд.

Трамп шоми 25-уми октябр ваъда дод, ки ҷинояткорон пайдо мешаванд, аммо айни замон аз матбуот хост, ки ба нашри доимии “матлабу қиссаҳои манфиву аксаран дурӯғ“ хотима диҳанд.

Қаблан Трамп ваъда дода буд, ки “амалҳои хушунатомези сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷой дошта наметавонанд” ва ҳама нерӯи ҳукумат барои аз байн бурдани он истифода мешавад.

Ӯ гуфт, халтаҳое бо маводи машкуки тарканда ду ҳафта қабл аз интихоботи миёндавраӣ дар шаҳрҳои Ню- Йорк, Вашингтон, Колумбия ва Флорида ошкор шуданд.

Ин халтаҳо ба идораи телевизиони CNN, нишонии президенти собиқи ИМА Барак Обама, котиби давлатии пешин Ҳиллари Клинтон, роҳбари собиқи Хадамоти истихборотӣ Ҷон Бреннан, собиқ Додситони кулл Эрик Ҳолдер, вакили Конгресс Максин Уотерс ва миллиардер Ҷорҷ Сорос, ки сармоягузори асосии Ҳизби демократ мебошад, ирсол шуданд.

Ҳеҷ яке аз халатҳои ирсолшуда натаркидааст.

XS
SM
MD
LG