Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷи эътирозҳои зидди нажодпарастӣ дар рӯзи дафни Флойд


Тазоҳурот дар Порис, Фаронса, 8 июни соли 2020.
Тазоҳурот дар Порис, Фаронса, 8 июни соли 2020.

Маросим ё оини дафни Ҷорҷ Флойд, амрикоиии африқоиасле, ки аз зӯроварии пулис ба ҳалокат расид ва марги ӯ даъватҳои густардаи ислоҳоти низоми адлияи ИМА-ро барангехт, рӯзи 9 июн дар Ҳюстони Техас баргузор мешавад.

Дафн дар ҳоле барпо мегардад, ки эътирозҳои зидди нажодпарастии ангезишёфта аз ин воқеа дар саросари ҷаҳон идома доранд. Ин тазоҳуроти гоҳе омехта бо хушунату зӯроварӣ ва сӯхтору ғоратгариҳо тақрибан ду ҳафта давом карда, акнун ба маҷрои оромтар даромаданд ва дар онҳо ба ислоҳи кори пулис ва тағйир дар низоми адлия даъват карда мешавад.

Намоишҳо, ки берун аз Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла дар Лондон, Порис, Сидней ва Берлин низ паҳн шудаанд, таваҷҷӯҳро ба муносибат бо афроди африқоиасл ҷалб карданд, зеро дар пайванд ба қазияи Флойд ҳамчунин ҳодисаҳои дигари маргумири мардону занони сиёҳпӯст аз ҷониби афсарони сафедпӯсти пулиси Амрико ёдоварӣ шуданд.

Интизор меравад, дар рӯзи дафни Флойд низ як силсила тазоҳурот дар шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва ҳам дар Порис баргузор шавад. Ширкаткунандагони онҳо 8 дақиқаю 46 сония сукут меварзаднд, баробари лаҳзаҳое, ки, ба гуфтаи муфаттишон, Флойд дар зери зонуи корманди полиси Миннеаполис дамгир гашт. Ҳамзамон дар Женева ва шаҳраки донишгоҳии Оксфорд дар Англия донишҷӯён талаб хоҳанд кард, ки ҳайкали Сесил Родс, як империалисти аҳди Виктория дар ҷануби Африқо бардошта шавад.

Шоми имрӯз дар маркази Рум мардум ҷамъ мешаванд, то намози ҷанозаи Флойдро гузоранд ва шабзиндадорӣ кунанд. Рӯзи 8 июн ҳазорҳо нафар дар назди як калисои Ҳюстон, шаҳре бачагии Флойд навбат гирифтанд, то бо ӯ видоъ кунанд.

XS
SM
MD
LG