Пайвандҳои дастрасӣ

Ба истиқболи 60-умин солгарди офаридани нахустин филми ҳунарии рангаи тоҷикӣ - “Ман бо духтаре вохӯрдам”, дар Хуҷанд муҷассамае гузошта шуд.

Муҷассамаи ду ҷавони дилдода Лолаву Саид -- қаҳрамонони асосии филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” аз нахустин рӯзҳо аллакай ба як ҷои дидании боғи Камоли Хуҷандӣ табдил ёфтааст. Инҷо ҷавонон, ҷуфту тоқ меоянд, то муҷассамаи ишқу умеди ҳамсолони худро аз наздик бубинанд. Калонсолон бо кӯдакони худ меоянд, то ба онҳо дар бораи филми давраи ҷавонии худ нақл кунанд.

“Ман бо духтаре вохӯрдам” нахустин филми рангаи ҳунарии “Тоҷикфилм” аст, ки соли 1957 онро коркардон Рафаил Перешльштейн дар Сталинобод -- пойтахти онвақтаи Тоҷикистон ба навор гирифтааст.

Ва суруди машҳури ин филмро бисёриҳо дар Тоҷикистону берун аз он ба тоҷику русӣ аз ёд медонанд ва замзама мекунанд. Аноргул Партавӣ, донишҷӯи соли 4-уми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, “ба ман манзараҳову либосҳои миллии тоҷикӣ дар ин филм ва албатта, сурудҳои он писанд аст. Аммо ман варианти аслии тоҷикиашро аз ёд медонам, ки шеъри Мирзо Турсунзода аст. Ин филмро борҳо дидаам, аз беҳтарин ва филмҳои “Тоҷикфилм” аст.”

Мусоҳиби дигарамон, марде аз Истаравшан ба маркази вилояти Суғд ҳамроҳи ҳамсару фарзанду набераҳояш ба сайри чорбоғи Камоли Хуҷандӣ омадаааст. Ӯ мегӯяд, “ин филми давраи ҷавонии мо буд, ки ҳоло ҳам тамошо мекунам.”

“Ман бо духтаре вохӯрдам” нахустин филми рангаи ҳунарии “Тоҷикфилм” аст, ки соли 1957 онро коркардон Рафаил Перешльштейн дар шаҳри Сталинобод -- пойтахти онвақтаи Тоҷикистон ба забони рӯсӣ навор гирифтааст. Ин филм қиссаи ишқу муҳаббати софу беолоиши ду ҷавони дилдода – Лола ва Саид аст, ки нақши онҳоро Роза Акобирова ва Ҷаҳон Саидмуродов иҷро кардаанд. Ин филм ба зудӣ шуҳратёр гашта, онро 25 миллион кас дар Шӯравӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ тамошо кардаанд.

Вале шӯҳрати суруди “Я встретил девушку”, ки тарҷумаи шеъри “Дидам ҷамоле”-и Мирзо Турсунзода аст, бештар аз худи филм мебошад ва то имрӯз фаромӯш нашудааст. Ин шеърро шоири руси Регистон ба русӣ тарҷума карда, ба он бастакори озар Андрей Бобоев оҳанг баста ва Рашид Бейбутов сурудааст.

Ба гуфтаи Муқимҷон Ашӯров, муовини декани факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, “пештар ин гуна муҷассамаҳоро “чорбоғӣ” мегуфтанд, ки дар боғу чорбоғҳо гузошта мешуд. Ва ҳоло гузошта шудани муҷассамаи қаҳрамонҳои филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” аз он нигоҳ муҳим аст, ки он ёди филми миллиеро дар насли имрӯзи тоҷик бедор мекунад ва ба онҳо дарси муҳаббати поку садоқат меомӯзад.”

Муқимҷон Ашӯров афзуд, ки дар Тоҷикистони даврони истиқлол гузоштани муҷассамаву пайкараҳо ба ашхоси маъруфи сиёсиву фарҳангии таърихиву муосир бештар ба ҳукми анъана даромада, вале сохтани муҷассамаҳо дар мавзӯъҳои зиндагии фарҳанги мардум, чандон роиҷ нест. Ҳол он, ки ба гуфтаи ӯ, офаринишу гузоштани чунин муҷассамаҳо дар чорбоғу хиёбонҳо ба бинандаҳо завқи маънавӣ мебахшад ва меҳри онҳоро ба фарҳанги миллӣ бештар мегардонад.

Муҷассама ба ифтихори 60-умин солгарди таҳияи филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” бо ибтикор ва маблағгузории ширкати мобилии “Мегафон” сохта шудааст. Дар пояи муҷассама номи рассом ва созандаи он навишта нашудааст. Бархе мусоҳибони Радиои Озодӣ эрод мегирифтанд, ки пайкараҳои ҷавонон, хусусан ҷавон ба қаҳрамонони асосии филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” – Лолаву Саид чандон монанд нест. Вале рӯзи 29 юми март аз ширкати “Мегафон” ба ин савол, ки муаллиф ё муаллифони ин муҷассама кист, посух нагуфтанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG