Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Умеди зиндагӣ". Филми садсерияӣ дар бораи мушкилоти ҷавонон


Бо таҳияи як филми садсериягӣ, гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик мехоҳанд чанд мушкили доғи ҳамсолони худро пешниҳоди ҷомеа кунанд. “Умеди зиндагӣ” нахустин филми тоҷикие хоҳад буд, ки дар 100 қисм таҳия шуда, аз нақз шудани ҳуқуқи духтарон зимни интихоби ҳамсари оянда, қурбони баҳсҳои хонаводагӣ шудани онҳо ва даҳҳо мушкили дигари ҷавонон, қисса мекунад.

Ҳадаф аз офаридани ин филмро ҳам филмсозони ҷавон аз студияи “Сомон филм”, шикасти қолабҳои кӯҳна дар ҷомеаи Тоҷикистон мегӯяд. Дилшод Сафаров, яке аз таҳиякунандагони филм дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ филм дар умум тахаюлӣ аст, вале бисёр саҳнаҳои он аз ҳаёти имрӯза гирифта шудааст.

Ба қавли ӯ, “вақте як ҷавони тоҷик муваффақ мешавад, мо бо нигоҳи нек ба ӯ назар намекунем. Ҳарчанд рӯякӣ инро ошкор намекунем, аммо ботинан ба ҷавонони муваффақ нигоҳи нек надорем. Яъне, аз муваффақияти дигарон моро хуш намеояд. Мо бовар дорем, ки ин андешаҳоро аз байн мебарем”. Як ҳадафи дигари филмро муаллифони он, тарғиби муҳаббати воқеӣ миёни ҷавонон арзёбӣ мекунанд.

“Имрӯз мебинем, ки пошхӯрии оилаҳои ҷавон зиёд аст. Мо бовар дорем ки филм метавонад дар пойдории оилаҳои ҷавоне, ки имрӯз пошхӯриашон зиёд шудааст, таъсир расонад. Вақте дар бештари оилаҳо маҷбуран як духтарро ба писар медиҳанд, бубинед, ки оқибат чӣ мешавад. Яъне, вақте муҳаббат нест, он зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Мо дар филм муҳаббати воқеиро нишон додем",-афзуд Дилшод Сафаров.

Сабти филми “Умеди зиндагӣ” моҳи августи соли 2016 шурӯъ шуда, дар назар аст, ки то охири соли 2017 давом кунад ва аллакай 3 қисми он ба фурӯш баромадааст. Филм дар Варзобу Душанбе ва манотиқи дигар кишвар наворбардорӣ мешавад.

Сабти филми садсериягӣ аз ҳаёту мушкилоти ҷавонон дар ҳоле шурӯъ шуд, ки филмсозони тоҷик мегӯянд, то ҳол дар таърихи синамои кишвар филме ба ин ҳаҷм сабт нашуда буд. Дарозтарин силсилафилми тоҷикӣ “Дар орзуи падар” буд, ки дар ҳаҷми 23 қисм таҳия шуда, тамошобини зиёде ҳам дошт.

Хароҷоти филми “Умеди зиндагӣ” ба гуфтаи масъулини “Сомон филм”, аз ҳисоби фурӯши қисмҳои аввали филм, пӯшонида мешавад. Масъулини студия ҳоло будҷаи дақиқи филмро эълон намекунанд.

Парвиз Ашӯров, офарандаи нақши асосӣ дар филми “Умеди зиндагӣ” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақсади онҳо на касби шӯҳрат, балки ислоҳ кардани камбудиҳои ҷавонон дар ҷомеа аст.

Парвиз афзуд, “дар ин филм мо ҳаёти имрӯзи тоҷиконеро нишон медиҳем, ки ба хотири пешрафт ва боз ҳам пулдор шудани худ, дигаронро истифода мебаранд. Барои ин гуна ашхос муҳим нест, ки сатҳи зиндагии қишри поёнӣ дар кадом сатҳ қарор дорад. Онро ҳам дар назар гирифтаем -- афроде, ки соҳиби маълумоти олӣ намешаванд, онҳо ҳуқуқҳои худро намедонанд. Боварӣ дорем, ки бисёриҳо аз тамошои филм худро ислоҳ кунанд.”

Як нигоҳ ба филмҳои таҳиякардаи коргардонҳои тоҷик дар солҳои ахир нишон медиҳад, ки аксари онҳо дар мавзӯи иҷтимоӣ таҳия шудаанд. Мутахассисони соҳаи синамо мегӯянд, сабти филмҳо дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ осону камхарҷтар аст ва аз ин рӯ, аксар филмсозони ҷавон имрӯз ба ин масоил рӯ меоранд.

Саидҷон Қодирӣ, коргардони шинохтаи тоҷик дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, филмҳои ҳунарии иҷтимоиро сабт кардан хеле сабуктар аст, зеро ҳам камхарҷ ҳаст ва ҳам барои наворбардорӣ осон мебошад. Ба гуфтаи вай, бештари ин гуна филҳо мавриди писанди мардум қарор мегиранд, зеро онҳо бозгӯи мушкилоте мебошанд, ки дар зиндагии мардум ҷой доранд.

Аммо таҳиягарони филми садсериягӣ аз ҳаёти ҷавонон бовар доранд, филми онҳо тамошобини худро пайдо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG