Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳараҷу мараҷ. Кӣ ҳаққи муаллифро нақз мекунад?


Дар Тоҷикистон роҳҳои фурӯши ғайриқонунии фиттаҳои филмҳои ватанӣ зиёд шудааст. Коргардонҳои тоҷик мегӯянд, онҳо бо заҳмат ва харҷи маблағҳои зиёд филм таҳия мекунанд, аммо фоидаи он ба ҷайби ашхоси номаълум меравад. “Қабр”-и заҳматҳои онҳоро касоне мекананд, ки даст ба нақзи муқаррароти марбут ба моликияти хусусӣ ё ҳуқуқи муаллиф мезананд.

107 ҳазор нусхаи "қочоқӣ" дар 2 сол

Масъулини КВД “Тоҷиккино” -- ниҳоди назораткунандаи соҳаи аудиовизуалӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, на танҳо филмҳои ватанӣ, балки албомҳои ҳунармандон низ бо роҳҳои нави қочоқӣ фурӯхта мешаванд. Хайриддин Зайниддинов, муовини аввали директори КВД “Тоҷиккино” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ду соли ахир наздики 107 ҳазор нусха фиттаҳои ғайриқонуниро мусодира ва нобуд кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Зайниддинов, имрӯз дар баъзе нуқтаҳои фурӯши фиттаҳо ба воситаи кортҳои хотиравӣ (флешкорт) филмҳои ватанӣ ва албомҳои ҳунармандон ғайриқонунӣ фурӯхта мешаванд.

“Пештар агар фурӯшандаи нуқтаҳои фиттафурӯшӣ аз як филм 1000 дона мегирифт, пас ҳоло 50 дона мегирад. Мо ӯро маҷбур карда наметавонем, ки бештар гирад. Мо иқдоми наверо пешниҳод кардаем, ки тибқи он

Мақомоти "Тоҷиккино" мегӯянд, ки дар ду соли ахир наздики 107 ҳазор нусха фиттаҳои ғайриқонуниро мусодира ва нобуд кардаанд.

тамоми компютерҳо аз нуқтаи фиттафурӯшӣ бардошта мешаванд. Агар мо компютерҳоро аз нуқтаҳои фиттафурӯшӣ бардорем, пас дигар ҳолатҳои бо кортҳои хотиравӣ ва нусхабардории ғайриқонунӣ аз байн меравад”, - афзуд муовини аввали раиси “Тоҷиккино”. Ин масъули “Тоҷиккино” ҳамчунин тасдиқ кард, ки дар баъзе нуқтаҳои фиттафурӯшӣ роҳи наве пайдо шудааст, ки фурӯшанда ба хотири рейдҳо чанд дона аз нусхаи аслии филмро гузошта, асосан нусхаҳои қочоқиро мефурӯшад.

Нақзи ҳуқуқи муаллиф дар Тоҷикистон

Дафтари намояндаи тиҷоратии ИМА, ки масъули таҳияи “Гузориши вижаи 301” аст, Тоҷикистонро аз назари риояи ҳуқуқи муаллиф дар феҳристи кишварҳои “зери назорат” қарор додааст. Дар ҷараёни музокироти ворид шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шуд, ки дар заминаи таъмини риояи ҳуқуқи муаллиф назоратро шадид мекунад.

Вале бо ин вуҷуд, дар гузориши 301-и Амрико омадааст, ки қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон шароити заруриро барои ба ҷавобгарӣ

кашидани мақомоти давлатӣ дар сурати нақзи ин қарор фароҳам наовардааст. ИМА аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ӯҳдадориҳои худро пурра ба иҷро расонад ва қонунгузориро дар заминаи риояи ҳуқуқи муаллиф риоя кунад.

Дар ин гузориш ҳам, аз ҷумла, ба муҷозоти шадиди Тоҷикистон барои сохтакории фиттаҳо ё дискҳо ба роҳ монад. Як дигар мушоҳидаи ин гузориш мегӯяд, ки таҳқиқоти солҳои 2007-2008 собит кардааст, ки 90 дарсади нармафзорҳои ҳукумати Тоҷикистон бидуни лисензия ё муҷаввиз фаъолият мекардаанд. Тоҷикистоне, ки стратегияи милии рушди моликияти хусусиро барои солҳои 2014-2020 қабул кардааст, ба қавли муаллифони ин гузориш, маблағи заруриро барои иҷрои ин стратегия ихтисос надодааст.

Кӣ нони коргардонҳоро дуто мекунад?

Масъулин дар ҳоле аз пайдо шудани роҳҳои нави қочоқи филмҳои ватанӣ хабар медиҳанд, ки коргардонҳои тоҷик мегӯянд, зиёд шудани фиттаҳои қалбакӣ онҳоро аз даромади аслиашон маҳрум кардааст. Фарҳод Сафаров, директори студияи “Ҳамсадо”, ки ба таҳияи филмҳои ватанӣ машғул аст, мегӯяд, бинобар он, ки реклама дар филмҳо ба дараҷаи зарурӣ вуҷуд надошта, кинотеатрҳо низ хуб фаъол нестанд, фурӯши фиттаи филм аз даромади аслӣ боқӣ мондааст ва бидуни он, синамои тоҷик ба шикаст рӯбарӯ мешавад.

Ҷаноби Сафаров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз ҷумла гуфт, “рӯз то рӯз ба ҷои онки, ин чиз (фурӯши дискҳои қалбакӣ) тоза шавад, баръакс он зиёд шуда истодааст. Фиттаи расмии филмеро, ки бо меҳнати зиёд истеҳсол мекунем, фурӯхта наметавонем, ки хароҷоти худро пӯшонем ва барои филми нав маблағ ба даст орем”. Фарҳод Сафаров аз таҷрибааш мисол овард, ки чанд сол пеш дар ноҳияи Восеъ барои филми тарҷумакардаи онҳо ҳамагӣ 500 нусха дархост дода, онро ҳам фурӯхта натавонистанд. Ба гуфтаи ӯ, аммо баъди рейди мақомот ва ҷарима шудани гунаҳкорон ба гуфтаи ӯ, аллакай аз ин ноҳия дархости ирсоли 2400 нусха фиттаро дастрас кардаанд.

Сарояндагон низ шиква доранд...

Аз фурӯши қалбакии фиттаҳо на танҳо коргардонҳо балки сарояндагон низ изҳори нигаронӣ карда мегӯяд, “тӯли солҳои ахир ягон дирам аз ҳисоби фиттаҳо ба дасти онҳо намерасад”. Бархе намояндагони фарҳангу ҳунар дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки масъалаи истеъмол ё истифодаи маводи қочоқӣ пеш аз ҳама масъалаи ахлоқии ҳар инсон аст. Ин баробар бо истифодаи моли дуздӣ аст ва на ҳар нафар ба худ иҷозат медиҳад, ки ба олами ҷиноӣ сармоягузорӣ кунад. Дар телевизиони русӣ чанд соли пеш тарҳи муборизаи ҷамъиятӣ зидди фиттаҳои қочоқиро ба роҳ монданд ва чеҳраҳои барҷастаи ҳунару синамо бо нобуд кардани садҳо ва ҳазорҳо фиттаҳои қочоқӣ тавассути телевизион шаҳрвандонро ба парҳез аз моли ғайрирасмӣ даъват мекард.

Садриддини Наҷмиддин, овозхони тоҷик.
Садриддини Наҷмиддин, овозхони тоҷик.

Садриддин Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик ҳам мегӯяд, нақши мардум дар ин амр хеле баланд аст: “Мардум дар хориҷи Тоҷикистон дар ин масъала дигар хел рафтор мекунанд. Онҳо ҳеҷ вақт намераванд ва нусхаи қалбакиро харидорӣ намекунанд. Барои онки, мехоҳанд ба ҳунар хизмат кунанд ва як ҳиссаи худро дар рушди он гузоранд. Барои ҳамин мераванд ва ҳамеша шакли аслиашро мехаранд. Ман инро худам шоҳид будам. Вақте аз ду дӯстам дар ИМА суол кардам, ки чаро нусхаи инро бепул аз Интернет намегиред, онҳо гуфтанд, агар мо ин корро кунем санъати ватани ман қафо мезанад. Лекин афсус дар мардуми мо ин тавр нест.”

Аз сӯи дигар, дастрас будани аксари маводи ҳунариву мусиқӣ дар интернет баъди тоза ба бозор арза шуданаш барои пахши бемуҷаввизи осори нави ҳунарӣ сабаб мешавад. Ҳоло аксари филмҳои ҷаҳонӣ ва ё оҳангҳои мусиқиро дар садҳо сайтҳои интернетӣ дар дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон боз ва тамошо кардан мумкин аст. Вале дар сурати сабту пахши он дар толори синамо ё консертӣ, нақзи бараълои ҳаққи муаллиф мешавад.

Хараҷу мараҷ кай хотима меёбад?

Коршиносони соҳа мегӯянд, мушкили аслӣ дар ин самт набудани як сохтори алоҳидаи идораи кинематографияи миллӣ аст, то ба ин хараҷу мараҷ хотима диҳад. Сафар Ҳақдод, раҳбари Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, бояд чунин системае ба вуҷуд оварда шавад, ки аввал филм дар кинотеатр, баъдан дар телевизион ва дар охир тариқи фиттаҳо паҳн шавад.

Раҳбари Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон гуфт, “куҷоро назорат мекунед? Намешавад, ки ҳамеша таҳиякунандагон филмро таги сар монанд ё ҳамроҳи худ гирифта гарданд. Вақте тамошобини филм зиёд шуд, қаллобон бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд онро бидузданд, дар як шаб ҳазорҳо нусха чоп карда, дар як рӯз бо қимати поёнтар аз қимати аслӣ пахш кунанд. Вақте қонунҳо риоя намешаванд ва сиёсати киномотографияи идораи давлатӣ аслан вуҷуд надорад, ин мушкил ба вуҷуд меояд.”

Сафар Ҳақдод.
Сафар Ҳақдод.

Ба гуфтаи Сафар Ҳақдод, қочоқчиёни филм ба ғайриқонунӣ фурӯхтани фиттаҳои филмҳои хориҷӣ қаноат карда, акнун ҳавасманд ҳастанд ин корро дар нисбати филмҳои ватанӣ низ анҷом бидиҳанд. Ба таъкиди Сафар Ҳақдод, филмсозон чӣ коре накунанд, оқибат маҳсули эҷодашон дуздида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, кӯшишҳои мо барои тамос бо масъулини студияҳое, ки фиттаҳои филмҳои тоҷикӣ ва албоми ҳунармандон машғуланд бенатиҷа анҷом ёфт. Дар фиттаҳои онҳо, ки дар нуқтаҳои дискфурӯшии Душанбе мавҷуд аст аслан суроға, рақами телефон ва ҳатто номи студия мавҷуд нест. Инчунин кормандони нуқтаҳои фиттафурӯшӣ нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд ва ҳатто ба суоли мо дар бораи онки, "ин фиттаҳоро аз куҷо мегиред" посух надоданд. Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки дар як фитта аз 6 то 12 филми тоҷикӣ ҷой дода шудааст, ки аз ҷониби студияҳои гуногун таҳия шудааст.

Ҳал шудани масъалаи фиттаҳои қочоқӣ ба гуфтаи коршиносон ва мутахассисони соҳа на танҳо барои рушди синамои ватанӣ мусоидат мекунад, балки ба буҷети кишвар низ маблағҳои зиёд хоҳад овард.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG