Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши FIAS аз шореҳи варзиши тоҷик Нарзуллоҳи Латиф


Нарзуллоҳи Латиф
Нарзуллоҳи Латиф

Президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) Василий Шестаков раиси Ассотсиатсияи хабарнигорони варзишии Тоҷикистон Нарзулло Латиповро барои маҳорати олии касбӣ ва саҳми бузургаш дар маъруфияти самбо дар ҷаҳон бо Ситоишнома сарфароз намудааст.

Нарзулло Латипов 45 сол аст, ки ба ҳайси хабарнигори варзишӣ, минҷумла риштаи маъмули варзиш - самборо тавассути матбуот, телевизиону радио ва расонаҳои электронӣ ташвиқу тарғиб менамояд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё, рӯзи 16-уми ноябр хабар дод. Вай гуфт, хабарнигори тоҷик Нарзулло Латипов, инчунин ду нафари дигар – президенти Федератсияи самбои Аврупо ва Федератсияи умумирусиягии самбо Сергей Елисеев ва мэр ё шаҳрдори Сочи Анатолий Пахомов – дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 10-12 ноябр дар Сочии Русия барпо гардид, бо Ситоишномаи FIAS сарфароз шудаанд.

Нарзулло Латипов (Нарзуллоҳи Латиф) 45 сол аст, ки ба ҳайси хабарнигори варзишӣ, минҷумла риштаи маъмули варзиш - самборо тавассути матбуот, телевизиону радио ва расонаҳои электронӣ ташвиқу тарғиб менамояд.

Ҳанӯз соли 1975 бо ибтикори ӯ, ки муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (имрӯза “Ҷавонони Тоҷикистон”) буд, аввалин мусобиқоти умумииттифоқӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои ин нашрия баргузор гардидааст. Ӯ 42 сол муқаддам дар бораи пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов, аввалин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон дар риштаи самбо дар шаҳри Мински Беларус, тавассути телевизиону радио ва матбуот ба мардуми тоҷик пайғом расонидааст.

Ва, инак, баъди 42 соли пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов, шореҳи варзиш Нарзуллоҳи Латиф нахустин шуда дар бораи дастоварди бузурги гуштигири ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочи тавассути сомонаи Радиои Озодӣ хабар додааст.

Ӯ дар бораи таърихи самбо ва рушди он дар Тоҷикистон борҳо бо Исмат Абдуллоев, яке аз поягузорони самбо дар Тоҷикистон, шодравон Азалшоҳ Олимов, аввалин қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи самбо аз Тоҷикистон, мутахассисони варзидаи соҳа Аҳтам Раҷабов, Маҳмуд Абдуллоев, Муҳаммадшариф Сулаймонов, шодравон Худойназар Боқиев ва дигарон суҳбатҳои ихтисосӣ кардааст.

Вай, инчунин дар бораи комёбиҳои паҳлавонони маъруфи тоҷик Саидаҳтам Раҳимов, Хайрулло Назриев, Нуруллоҳ Лоиқов, Акмалиддин Каримов, Набимуҳаммад Хоркашев, Ҷаҳонгир Сулаймонов, Хушқадам Хусравов, Комроншоҳи Устопириён ва бисёр дигарон дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон матлабҳои зиёд ба табъ расонидааст.

Ӯ муаллифи сенария ва барандаи аввалин мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо барои хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов мебошад. “Ман орзу дорам, самбо ҳамчун намуди маъмулу шавқангез, ки алъон дар беш аз 90 кишвари ҷаҳон роҳандозӣ шудааст, ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил шавад. Онгоҳ, бешак, аз байни варзишгарони тоҷик дар ин намуд қаҳрамонҳои олимпӣ ҳам ба воя мерасанд”, - иброз дошт шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф.

Нарзулло Латипов муаллифи китобҳои “Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост”, “Варзиш - қосиди сулҳ”, “Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ”, “Душанбе – спортивный город”, инчунин муаллифи бахши варзиши китоби “Энциклопедия Душанбе” мебошад.

Ӯ барои хидматҳои пурсамару бисёрсолааш бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали “Хизмати шоиста” сарфароз шуда, Лауреати Мукофоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот, фарҳанг, телевизион ва радио, Мураббии шоиста ва Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG