Исмоил Ҳания рӯзи 31-уми июл дар Теҳрон кушта шуд. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ дар ин кор Исроилро гунаҳкор донистанд, вале Телавив масъулиятро расман напазируфтааст.
Расонаи "Politico" рӯзи 8-уми август бо истнод ба мақомҳои амрикоӣ навишт, Вашингтон барои розӣ кардани Теҳрон ба бозбинии тасмими ҳамла ба Исроил ҳампаймонҳои худро аз Ховари Миёна ҷалб кардааст.
Ба гуфтаи манбаъҳои расона, Амрико ба Эрон ҳушдор додааст, ки ҳамлаи густарда ба Исроил танҳо боис ба ташаннуҷи авзоъ ва задухӯрдҳои мустақим миёни ду кишвар хоҳад шуд.
Маъмурияти президенти Амрико аз Эрон даъват кардааст, ки тасмими худро дар бораи ҳамла ба Исроил бозбинӣ кунад.
Намояндаи Шӯрои амнияти миллии Амрико Ҷон Кирбӣ гуфт, "Вашингтон ҷонибдори ташаннуҷи вазъ нест, аммо дар сурати ҳамла омодааст, ки ҳам аз худ ва ҳам аз Исроил ҳимоят кунад".
Телевизиони CNN бо такя ба ду манбаи огоҳи худ иттилоъ дод, ки гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон (Амрико созмони террористӣ медонад) сарфи назар аз тасмими Эрон метавонад ба Исроил ҳамла кунад.